Муроҷиатномаи ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Хабарҳо

     Мо – ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳороти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ-ро хонда, хеле мутаассир гардидем, зеро Шумо – мардуми шарифи Бадахшон як пораи ҷигари мо, як ними тани моед ва то ҳанўз дар ин минтақа ба таври ҳангуфт бо дасти ду – се ҷинояткор ҷамъоварӣ шудани муҳимоти ҷангӣ хеле таассуфовар аст.

      Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткор маҳал, дину мазҳаб ва Ватан надорад. Барои онҳо қадру қимати инсонӣ ба як пули пучак намеарзад, зеро эшон тамоми муқаддасоти инсониро бо пулу мол андоза мекунанд. Барои манфиат бардоштан онҳо омадаанд, ки ба мудҳиштарин ҷиноят даст зананд, ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, яроқу аслиҳа харидуфурўш намоянд. Барои ҳамин ба ин гурўҳ умед бастан ва эътимод намудан камоли нодонист. Ин афроди ҷиноятпеша Шуморо чун сипари худ қарор дода, дар пуштатон пинҳон шудаанд ва Шуморо чун бозичаи дасти худ бозӣ даронданианд, онҳо ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ дастёб шуданианд.
Бародарони бадахшӣ! Фирефтаи ваъдаҳои хоми ин ҷинояткорон нашавед ва онҳоро фош намуда, ба панҷаи қонун супоред. Дар ин кор мо ҳамеша ҳамдасту пуштибону мададгори шумоем ва агар лозим шавад, аз ҳамин рўз барои тинҷию амонии диёр ба Бадахшон, ба кўмакатон мешитобем.
Мову Шумо бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ҷоноҷонамон – Тоҷикистон расем. Шукр, ки 27 сол боз ба ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият ба мо озодии комил эҳдо намудааст. Аммо ҳоло ҳам дар як гўшаи биҳиштосои Ватани мо – Бадахшон баъзе ашхоси ҷиноятпеша бедодгарӣ намуда, айши мардумро талх мекунанд.
Шумо аз таърихи гузаштаи Бадахшон хуб огоҳед ва мардуми ҷафодидаи ин сарзамин ҷабру зулми аҷнабиёнро хеле зиёд кашидааст. Бинобар ин ба хотири озодии мулк, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандон ва якпорчагии Тоҷикистон биёед дар атрофи Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид шавем, зиндагии шоистаро барои худ ва пасояндагон таъмин намоем.

Ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни ДДБ ба номи Н.Хусрав:
1. Ҳасани Муродиён- ноиби ректор,
2. Наимов Қудратулло- сармуҳарири рузномаи “Фуруғ”-и ДДБ
3. Саймуминов Аҳлиддин- декани факултаи таърихи ДДБ
4. Абдураҳимов Қудратулло- ноиби ректори ДДБ
5. Шамсов Тоҷиддин- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДБ
6. Махкамова Дилором- мудири кафедраи рузноманигории ДДБ
7. Кодиров Илҳомҷон- декани факултаи филологияи тоҷики ДДБ
8. Маҳмадиева Мухаббат- саромузгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ
9. Казаков Рустам- мудири кафедраи таърихи ДДБ ва дигарон..