Вақтҳои охир аз васеъ гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ истифода бурда, одамони алоҳида ва гурўҳҳои ба ватану миллат душман, ки ба ТТЭ ҲНИ мансубият доранд, ҳар гуна хабару «таҳлилҳои» ғаразнок ва иғвоангезонаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Рўзҳои охир дар яке аз сомонаҳои ифротӣ маводе зери унвони «Сабаби афзоиши беморони ВНМО дар Тоҷикистон» нашр гардид, ки мақсади он туҳмат задан ба Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Дар ин мақола муаллиф дар хусуси паҳншавии бемории ВНМО сухан гуфта, воҳима мекунад, ки гўё ин маризӣ дар кишвари мо босуръат афзоиш меёбад. Аммо ба ҳама маълум аст, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон имрўз шумораи муайяни одамони ба ин беморӣ гирифтор мавҷуданд. Вазъият дар Тоҷикистон вобаста ба ин беморӣ зери назорат гирифта шудааст ва Ҳукумат бо дастгирии ҷомеа тамоми чораҳоро барои пешгирии он меандешад. Ягон асосе барои ҳангома бардоштан ва дар байни мардум иғво барангехтан нест.
Ҳодисаи қасдан сироят кунонидани шаҳрванди Тоҷикистон аз тарафи як зани гирифтори ВНМО ҳам ягона буда, хусусияти оммавӣ надорад. Вобаста ба ҳолати мазкур аз тарафи муаллифи ин мақола воҳима бардоштан ҳам ғайр аз иғвоангезӣ амали дигаре буда наметавонад.
Аз ақидаи Муҳаммад Абдуллозода, ки худро «мутахассис оид ба муҳофизати маданият ва қадриятњои исломӣ» меҳисобад, бармеояд, ки ў дар асл ифротгарои мутаасиб мебошад. Вай вобаста ба масъалаи мазкур ақидаи ғалат, ғайримантиқӣ ва зиддимиллӣ баён кардааст. Муҳаммад Абдуллозода дар паҳншавии бемории мазкур беасос сиёсати Ҳукуматро айбдор месозад, ки гўё зидди терроризму экстремизм муборизаро афзоиш додаасту одамон гирифтори ВНМО шудаанд.
Ҳол он ки Ҳукумати Тоҷикистон на худкома, балки аз тарафи мардум интихобшуда аст ва кишварро бо роҳи демократия пеш мебарад. Мубориза бар зидди тероризму ифротгароӣ ин худкомагӣ нест. Аз тарафи дигар гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои исломӣ ҳам кам нестанд. Ин мушкилоти ҷањонӣ буда, тамоми кишварњо дар ҳамоҳангӣ барои рафъи он мубориза мебаранд.
Муҳаммад Абдуллозода Ҳукуматро туҳмат карда, бешармона мегўяд, ки гўё дар Тоҷикистон фарҳанги бегонаи Ғарбӣ ва фасод тарғиб мешуда бошад. Вале ба ҳама маълум аст, ки Роҳбарияти кишвар бо дастгирии ҷомеа маҳз барои таблиғу тақвияти фарҳанги миллӣ ва одобу ахлоқи анъанавӣ солҳои охир корҳои зиёдеро анҷом додааст. Мутаасифона Абдуллозода ва ашхоси ба ў монанд ин кўшишҳои Ҳукумат ва давлати моро намебинанд.
Онҳо «маданият ва қадриятҳои исломӣ» гуфта, дар асл ҳамон ифротгароӣ ва таасуби мазҳабиро дар назар доранд. Ин тудаи душман ва хиёнаткор аз ҳар фурсате истифода бурда, кўшиш мекунанд, ки бар зидди давлату миллати Тоҷикистон амал кунанд. Аммо ба туҳмату буҳтон ва иғвогариҳои беасоси онҳо дигар касе бовар намекунад.
Диловари Хуршед.