Расонаи наҳзатӣ натиҷаи таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амниятиро дар мавриди гӯё даст доштани мақомоти Тоҷикистон дар тиҷорати маводи мухаддир, ки дар нашрияи The Diplomat мунташир гардидааст, нашр кард (албатта, барои тавсеа додани иттиҳомоти худ алайҳи Ҳукумати Тоҷимкистон ва раҳбарияти давлатӣ). Мавод, яктарафа таълиф гардидааст.
Дар ҳошияи матлаб чанд андешаи худро хидмати хонандагон манзур месозам:
1.Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз хатарҳои асосӣ на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин самт миёни давлатҳо ва созмонҳои марбута ҳамкориҳои зиёде дар шакли қарордодҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ вуҷуд доранд. Бо вуҷуди ин, мушкилот дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамарўза меафзояд, чаро ки доираҳои махсуси хориҷии ҷиноятӣ аз ин навъи тиҷорат фоидахои ҳангуфт ба даст меоваранд. Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робитаҳои дўстона дошта, ҳар ду давлат зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебаранд. Мушкилӣ инҷост, ки доираҳои ҷиноятӣ аз ҳар ду тараф солҳост, ки раванди транзити маводи мухаддирро назорат мекунанд ва давлат бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мегирад. Пўшиш додани баъзе мақомдорони қудратӣ тиҷорати маводи мухаддирро дар минтақаҳо сухани наву тоза нест ва Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон борҳо дар ин хусус суҳбат кардаанд ва дар мулоқоти ахиран дар Бадахшон сурат гирифтаи Сарвари давлат ин масъала бори дигар хотирнишон гардид.
2.Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти зиддахл дар пайи коҳиш додан ва ниҳоятан, аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаҳои марзӣ тадбирҳои зиёди амниятӣ ва ихтисосӣ андешидаанд. То имрўз гурўҳҳои зиёди ҷиноятӣ, ки ба транзити маводи мухаддир машғул будаанд, аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир гардидаанд. Махсусан, ҳодисаҳои хариду фурўш ва интиқоли маводи мухаддир дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон дар солҳои ахир зиёд ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳолат гувоҳи он аст, ки масъала ҷиддияти вежа касб намудааст. Масъалаи мазкур мақомоти марбутаи давлатњои ИДМ ва созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳониро нигарон кардааст ва дар ин замина чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Ин аст, ки таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амният яктарафа мебошад.
3.Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамолики кумакрасон, минҷумла ИМА дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзи эҳтиром мекунад, вале он чи ки таҳқиқотчии амниятӣ ироа доштааст, қобили қабул нест. Ҳеҷ гоҳ Ҳукумат бо тоҷирону ҷинояткорон, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд, ҳамдасту ҳамшарик нест ва бидуни далелҳои мушаххас ироа доштани чунин навъи таҳқиқот ба манфиати кор буда наметавонад. Дигар ин ки таҷҳизоти замонавие, ки аз сўйи давлатҳои ғарбӣ ҷиҳати тақвият бахшидани муборизаи зидди  хариду фурўши маводи мухаддир эҳдо гардидаанд, вазъи муборизаро беҳтар кардааст ва инро мо дар натиҷагириҳои солҳои ахир мушоҳида мекунем. Дар баробари ин, мубориза алайҳи нафарони нолоиқ дар мақомоти қудратӣ идома дорад ва дар чанд соли ахир чандин корманди масъули мақомоти қудратӣ барои дар сатҳи зарурӣ анҷом надодани вазифаҳои хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷинояткорӣ муҷозот шуданд. Ин ҳолатро дар бисёр кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳонӣ ҳам метавон мушоҳида кард, аз ин рў, масъаларо яктарафа баҳо додан хуб нест.
4.Иртиботи давлат бо тоҷирони маводи мухаддир, ки ҷинояткорони трансмиллӣ маҳсуб меёбанд, дар ҳар шакле қобили таҳаммул нест, зеро ки ду-се нафар мақомдори беномуси давлатӣ, ки бо ин ва ё он васила тиҷорати маводи мухаддирро дар минтақа тавсеа мебахшад, ҳоло маънии ҳамдастии Ҳукуматро дар ин самт собит намесозад. Гузашта аз ин, пушти тиҷорати маводи мухаддир доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, ки ҳамшарики мафияи ҷаҳонианд, қарор доранд. Аз ҷониби дигар, пуштибонӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чӣ медиҳад ба ҷуз бадномӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ин нуктаи муҳимро раҳбарияти олии давлат хуб дарк карда, солҳост бо ин вабои аср муборизаи муташаккилона мебаранд. Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли ҷорӣ доир гардид, Сарвари давлат ин масъаларо ба унвони масъалаи глобалӣ арзёбӣ намуданд ва аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти марбута даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва эмин доштани насли наврасу ҷавон аз он гомҳои устувор бардоранд. Бонги хатар задани Президент ҷиддӣ будани муборизаро дар ин самт нишон медиҳад. Ин аст, ки дар ҷабҳаи муборизаи зидди маводи мухаддир раҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахси Президент ҷаҳду талош меварзанд.
Фаридун Ориёӣ.