Ноябрь 1, 2018 14:53
ДУШАНБЕ, 01.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябри соли 2018 дар сомонаи «Паём.нет» баёнияе доир ба вазъи ВМКБ аз тарафи аъзои созмоне бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон», аммо дар асл ТЭТ ҲНИ чоп шудааст, ки саросар аз дурӯғ ва гӯл задани мардум иборат аст. Вале, хушбахтона, имрӯз ҳамватанони мо сиёҳро аз сафед ва ҳақиқатро аз кизб фарқ карда метавонанд. Дар ин бора таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯзи РАМАЗОН андеша меронад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати миллӣ ва ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ рушду инкишоф ёфта, мақом ва манзалати назаррасеро дар фазои геополитикии олам соҳиб шудааст. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.
Ин гуна афрод вақтҳои охир ба воситаи сомонаҳои интернетӣ аз хориҷи кишвар вазъияти имрӯзаи Тоҷикистонро бо фикру ақидаҳои барғалати хеш шарҳ дода, мардумро ба бесуботӣ ва бетартибиҳо, ки бар хилофи қонун аст, даъват мекунанд.
Баёнияи созмони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» (дар асл ТЭТ ҲНИ), ки дар сомонаи «Паём.нет.» ҷой дода шудааст, далели гуфтаҳои болост. Мақсади ин афрод аз паша фил сохтан ва вазъиятро ноором сохтану афкори нопоки хешро бар сари мардум бор кардан аст. Мехоҳанд обро лой карда, моҳӣ доранд.
Мо тасмим гирифтем, ки чанд нуқтаро доир ба ботил будани андешаҳои дар ин баёния овардашуда ва нияти барангехтани бадбиниву ноором сохтани фазои кишвар аз тарафи муаллифони онро нишон диҳем.
Дар ибтидои баёния омадааст, ки мақомоти Тоҷикистон гӯё «дар як макони ором вазъияти буҳронӣ эҷод кардаанд»; вазъияте, ки гӯё «хунрезиҳои дигар ва кушту кушторҳои шаҳрвандони бегуноҳро дар Бадахшон дар пай дорад»…
Ақли кадом инсон ин гапро қабул медорад, ки мақомоти Тоҷикистон бар зарарари худ кор мекунанд ва вазъиятро ноором мекунанд, дар ҳоле, ки вазифаи асосии онҳо таъмини сулҳу субот дар ҷомеа аст ва аз рӯи ин ба фаъолияти онҳо баҳо дода мешавад?!
Дигар ин ки мамлакат бесоҳиб нест, Сарвари тавоно дорад ва намегузорад, ки ба кӯчактарин ҳаракати қувваҳои чӣ дохилӣ ва чӣ берунӣ ҷиҳати норром сохтани вазъи ҷомеа роҳ дода шавад. Зеро тибқи моддаи 64 Конститутсияи ҶТ «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат…» мебошад.
Тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кафили сулҳу оромӣ дар кишвар медонанд ва ба ӯ боварӣ доранд. Маҳз ин шахсият буд, ки миллатро аз вартаи ҷангу хунрезӣ наҷот дод. Мардонагӣ ва ҷонфидоии вайро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Маҳз ин шахсият буд, ки бо хиради азалии хеш дар он замони сахту душвор аз гуноҳи мухолифини силоҳбадаст, ки ҳазорон одамони бегуноҳро ба қатл расондаанд, гузашта, бо онҳо сулҳ баст.
Муаллифони ин баёния кӯшиш кардаанд, ки вазъияти кунунии ВМКБ-ро хеле муташанниҷ нишон диҳанд ва гуё давлат «артиш ва неруҳои вижа»-ро «алайҳи шаҳрвандони худ» истифода бурдааст, ки ин ба ҳақиқати ҳол рост намеояд. Дар ВМКБ на танҳо алайҳи шаҳрвандон, балки бар зидди ҷинояткорон ягон қувва истифода нашудааст. Инак бори чандум аст, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯи табиати инсондӯстӣ ва раҳму шафқате, ки дар ниҳодашон доранд, ба саркадаҳои гуруҳҳои нофармон имконият доданд, ки хуб мулоҳиза кунанд, аз роҳи бад баргарданд ва ба ҳаёти осолишта бипаванданд. Ва ҳоло, чуноне расонаҳо хабар доданд, ин саркардаҳо дар Душанбе ва дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, дар ватани худашон озод мегарданд ва сайру саёҳат доранд.
Барои бартарафсозии мушкилоти мавҷуда дар ин минтақа дар як муддати кӯтоҳ тамоми мардум ба кумаки мақомоти давлатӣ камари ҳиммат бастанд ва муваффақ ҳам шуданд. Мардуми Бадахшон ҳамеша бар зидди ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ мубориза бурда, барои пос доштани сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон талош менамоянд.
Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афродро, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.
Аз ин лиҳоз, имрӯз беш аз ҳарвақта ҷомеа ва махсусан ҷавонони шарафманди кишварамонро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шавем ва ҳаргиз нагузорем аз номи миллати мо чанд тан бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ сухан гӯянд. Ин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи ҳаёти ҳаррӯзаи насли ҷавон мебошанд, ки фармудаанд: «Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои Ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад»
Фирӯзи РАМАЗОН,
таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон