ДЕВОНАГИҲОИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИҲО ДАР БЕРЛИН

Хабарҳо

Худбохтагону нохудогоҳон ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пўч ҳамеша бар сари мардуми мо  санги мезананд, бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғ ва сафасатаҳо паҳн карда, худро мўсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкарди худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз бомдод ба хок хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро овораю саргардон кунанд. Чун тамоми сирру асрори амалҳои хоинонаю душманонаашон фош гардиду ин худбохтагону бегонапарастон шармсор (ҳарчанд, дўзду ғар ва воҳишаю ҳаромӣ на шармро медонаду на ҳаёро) шуданд, ба ҳамин сифатҳои ваҳшиёнаи хеш ба Урупо кўч бастанд. Ин кўч бастани онҳо ҳамон мақолеро ба хотир меорад, ки «Хари Ҳазрати Исо  ба маротиб вориди шаҳри Макка шуд, вале боз ҳамон хар монд». Роҳбарону аъзои Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳам бо ҳамон андешаҳои догматикию схоластикӣ ва хоинонаю душманона худро ба оғўши ба истилоҳ ҷаҳони аввал зананд, то худро дар назари мардум афроди пешрафта ва тараққипарвар ҷилва диҳанд. Вале, дар асл, онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд.

Имрўз, ки ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ мегарданд, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон дода, мехоҳанд, боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҲои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гарвгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро  ҳам ташкил кардаанд, натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд. Гирдиҳамоиашон бошад, мисли ҳамон бедодгариҳо, қатлу ғорат кардани мардуми бечора ва талаву тороҷ намудани молу амволи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, на чизи дигар.

Бо вуҷуд ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд, дар санаи таърихии 10 декабр – Рўзи байналмилалии Ҳуқуқи инсон талаби раҲоии чанд ҷинояткорро, аз қабили Зайд Саидов, Маҳмадалӣ ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро доранд. Ҳамзамон, онҳо чун террорист аз нафароне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд даст ба ҷинояти бераҳмона куштани одам ва созмон додани ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони мақомоти қудратӣ зада буданд, дифоъ намуда, чунин ваҳшоният ва даҳшати зиндониёнро ҳодисаи хубу хуш муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Албатта, рўйи кор омадани ҳаводиси террористонаю экстремистона ва даҳшатбору ваҳшатангез ба манфиат ва нафъи ТТЭ ҲНИ мебошад, зеро чунин амалҳо комилан бар муқобили меҳану миллат равона шудаанд. Гирдиҳамоие, ки террористону экстремистони наҳзатӣ ба хотири дастгирии ин гуна амалҳои номатлуб ва хиёнаткорона баргузор намуданӣ ҳастанд, ҷинояти навбатие дар ин самт мебошад.

Агар пулиси шаҳри Берлин ба ин гирдиҳамоӣ иҷозат дода бошад ҳам, он маънои дастгирӣ кардани чунин амалҳои ҷиноятию хоинонаро надорад. Зеро тамоми кишварҳои пешрафта аз  сиёсигардонии дин ва радикализм безор буда, онро на танҳо эътироф, ҳатто чашми дидан ҳам надоранд. Ин ҳам як фарҳанги муросои инсонӣ ва дпиломатияи олмонӣ ба хотири нишон додани демократияи аврупоӣ мебошад, вагарна аврупоиён ҳам хеле хуб медонанд, ки тамоми амалҳои мудҳишу даҳшатбори дар шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Аврупо рухдодаро террористони ҳам ақидаю ҳамкеши аъзои ТТЭ ҲНИ анҷом додаанд.

Аллакай тамоми кишварҳои аврупоӣ аз шаклу шамоил ва рафтору кирдори намояндагони терроризми байналхалқӣ, чун ТТЭ ҲНИ ба пуррагӣ безор буда, онҳоро тамоман чашми дидан надоранд. Ва хеле хуб ҳам дарк кардаанд, ки аз ин ба ҷуз наҳсию касофат, шарру бадӣ ва ҷангу ҷидол чизе ба ҷамъият намерасад ва ба ибораи аллома Иқболи Лоҳурӣ: «ки ин миллат ҷаҳонро бори душ аст…». Аз ин навиштаи Иқбол бар меояд, ки на танҳо давлатҳои аврупоӣ, балки мамолики мусалмоннишин ҳам, шаъи зиёдатӣ, чизи нолозим ва иштибоҳи табиат будани афроде, чун намояндагони ТТЭ ҲНИ-ро хеле хуб дарк кардаанд.

Нодири ҚОДИР,

таҳлилгар