Нуқтаи тамат дар моҷарои наҳзат (дар њошияи матлаби Д. Атовуллоњ)

Хабарҳо

Аљаб сабки нигориши љолибе дорад Д. Атовуллоњ. Бо чанд калима ва ё љумлаи мухтасар матолибе бузургеро ифода мекунад. Паём мерасонад. Воќеиятро бозгў месозад. Бепарда душманро душман, дўстро дўст, хасро хас, мушкро мушк, риёро риё, найрангбозро найрангбоз, иѓвогарро иѓвогар, ќаллобро ќаллоб, њалолро њалол ва њаромро њаром мегўяд. Ин њам бе тарсу њарос ва хушомаду тамаллуќ. Ў парвои онро надорад, ки матолибаш ба касе маъќул мешавад ё не. Аслан, фикрашро њам намекунад. Ин ќабил шахсонро дар замони Шўравї «фуртакигўй» меномиданд. Ба назарам, фошкорї, бепардагўйї ва љуръатмандї расму роњи зиндагии Д. Атовуллоњ буда ва њаст.

Д. Атовуллоњ дар навишта ва матолиби хеш њамеша аз воќеият кор мегирад ва ин дафъа, воќеан, дар ќолаби мардию мардонагї матлаби ахири кўтоњ ва пурмуњтавояшро зери унвони «Ногуфтањо ё дар интизори аломати нуќта» интишор додааст. Ибтидои матлаб бо нуќтаи атф аз мењр ва ихлосаш ба иддае аз мухолифини дастаи аввал, ки ба ќавли рўзноманигор, «ботаќво ва дорои маънавиётанд» оѓоз меёбад ва дар ин замина таъкид меварзад, ки бо он тим коре надорад. Ва ангушти мухотабро тарафи тими нави нањзатї, ки тањти роњбарии М. Кабирї дар Аврупо љавлон мекунанд, рост менамояд. Зимнан, Додољони Атовуллоњ  исми нафарони сарсупурдаи нањзатї ва шахси Кабириро бо характеристикаи мухтасар фењрист мекунад, ки баъди мурури он хонанда ва корбар иттилои лозима ва даќиќро дар нисбати силсилаи муњрањои тахтаи бозии нањзатї пайдо менамояд. Рўзноманигор ва сиёсатмадори тољик Д. Атовуллоњ дар листи хидматгорони Кабирї ду симо – Темур Варќї (ба таъкиди муаллиф Темур Вараќї) ва Њумайрои Бахтиёр (дар навишти муаллиф ба тарзи «кадомин Муминовае, ки бо номи “Хоҳар Ҳумайро” машҳур аст»)-ро мисол мезанад ва дигаронро њамчун бозигарони њошиявї ишорат менамояд, ки ќобили бањсу исмгирї нестанд. Њаќиќати тими нањзатї њам њамин аст: ду-се нафар аз номи садњои дигар, ки аслан камтарин нуфузи иљтимої ва њатто хонаводагї надоранд, сухан мекунанд ва гурўњи мухолифинро бузургу боњашамат љилва медињанд. Ин тарзи кори нањзат аз ибтидо будааст ва то имрўз идома дорад.

Баъдан муносиби њадафи матлаб ва сабки матлуби нигориш Д.  Атовуллоњ аз 5 категорияи иљтимої – МИЁНАРАВЊО, НАСИҲАТФАРМОЁН, КОРШИНОСОН, ҲУКУМАТ, КАБИРӢ
ва МАРДУМ муаддабона хоњиш ба амал меоварад, ки дигар ба шахси Атовуллоњ кор нагиранд ва осудааш бигузоранд. Сари њар як категорияи иљтимої  ба таври иљмолї таваќќуф мекунем:

1.Додољони Атовуллоњ дар хоњиш аз тими «МИЁНАРАВҲО» сарењан иброз медорад, ки аз тамосу омадурафти ин гурўњ, ки бозичањои дасти рањбари фирории нањзатї буда, хоњони сулњи мо ва Кабирї мебошанд, ба љон омадааст. Аз як тараф, хоњиши сулњ кардан бо Кабирї як навъ манёври сиёсии рањбари нањзатї аст ва бо ин роњ мехоњад љонибдори ќудратманде дар симои Атовуллоњ пайдо намояд ва сарусадояшро дар Аврупо баландтар карда, аз худ ва созмони террористиаш «нофи замин» тарошад. Аз тарафи дигар, мушаххасоти инфиродї ва равонии Атовуллоњ, ки бо миллиятхоњї, њувиятсозї, саркашї, чуръату љасорат ва фошгўйї тавъаманд, ба њељ ваљњ, иљоза намедињанд, ки ў бо Кабирие, ки фурсатталабе беш нест, дар як сангар ќарор бигирад. Ин аст, ки хитобан ба категорияи «МИЁНАРАВЊО» ошкоро ва бидуни њавою  риё арз медорад: «бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ин хитоб шояд ба самъи думравакони Кабирї, ки дар чанд категория мунсаљим шудаанд, дуруст бирасад ва дигар аз рафтуомад ва тамосу робита бо Д. Атовуллоњ даст бардоранд. Аммо мутмаин нестем, ки ин кор ба зудї анљом шавад. Ин думравакон то дер боз Атовуллоњ ва Атовуллоњњоро бо музахрафоту ваъдањои бињиштии худ азият мекунанд, то бо Кабирї ва тими нањзатї бипайванданд ва бар имиљи фарсудаи рањбари нањзатї имиљи нав биафзоянд.

      2.Дар бахши дувум – «НАСИҲАТФАРМОЁН»  равшан таъкид мекунад, ки масире, ки Кабирї ва тимаш тай мекунанд, рањ ба асри миёна – ба љањолату таассуб ва хурофот мебарад ва дунявиятро асири хостњои як мушт рўњонии палид менамояд. Дар воќеъ, хамираи шахсиятии Кабирї ва думравакони ў аз њамин мушти хурофоту таассуби асримиёнагї таркиб ёфтааст. Ин дар зоњир аст, ки онњо «дигар аврупої» (таъбири М. Кабирї аст, ки доимо аз он, ба хотири гул задани мардуми тољик ва љомеаи мадании аврупої ёдовар  мешавад) шудем гуфта, малобиси аврупої бар тан карда, дар минбарњои фароњамовардаи пуштибононашон љилванамої ва фазлфурўшї менамоянд. Аммо дар ботин ба одитарин талаботи давлат ва љомеаи дунявї эњтиром намегузоранд, ва побанди хурофоту љањолати асрмиёнагианд. Њамин ки ба матолиби сомона ва пойгоњњои иттилоотию тањлилии нањзатиён таваљљуњ кардем, ба хубї дармеёбем, ки хатти машши ахбору навиштањо ва аксу нигорањо њамагї ба як нуќта – бозгашт ба асри миёна ва «исломи ноб» – тамаркуз мекунанд. Аз ин љост, ки Д. Атовуллоњ моњияти тафаккур, асли мафкура ва фалсафаи ќудрати сиёсии нањзатиро хуб медонад ва дар гузашта таљриба њам кардааст. Ўро чанд иѓвогари бењувият чї гуна метавонанд бифиребанд?

3.Аљиб нукотеро Д. Атовуллоњ дар бахши «КОРШИНОСОН» ишора мефармояд. Ба соири коршиносоне, ки аз мафкура ва хатти сиёсии нањзатї пуштибонї мекунанд, хитоб намуда, мегўяд, ки симои воќеии Кабириро бишиносанд. Манзури Д. Атовуллоњ он аст, ки барои пардапўш кардани ниятњои султахоњї, исломисозї, пулпарастї ва рифоњталабї М. Кабирї, усулан аз василањои маъмули риёкории сиёсї ва иљтимої кор мегирад ва худро чунон вонамуд мекунад, ки фариштае дар колбади инсонист. Ин «фаришта» бо муќаддасоти динї ва сиёсї – Худо, дин, мазњаб, Ќуръон, паёмбар, миллат, давлат, демократия, мардумсолорї, баробарї, бародарї, озодї, парламентаризм ва амсоли инњо бозї карда, њар яки ин вожагони калидиро дар љояш ба њадафи ба даст овардани султа, ќудрати сиёсї ва тиљоратї суйистифода мекунад. Мусоњибањо, суханронињо ва матолиби ў аз корбурди вожагони болої моломол аст ва тавассути технологияи суханварї љомеаро тањти фишори равонї, забонї, такаллумї ва сиёсї ќарор медињад.

4.Нуктаи бањсї дар матлаби Д. Атовуллоњ њамин бахши чањорум – «ҲУКУМАТ» аст, ки ба пиндори ў, Кабирї дастпарвари тими Њукуматист ва зимни ишораи масъала, аз дастгоњњои давлатї даъват ба амал меоварад, ки Кабирї ва маќому љойгоњи ќаблиашро, њам дар бизнес ва њам дар сиёсат  баргардонанд, то аз шарраш халос шавад. Аммо нуќтаи бањсї ин аст, ки  Кабирї худ ба дасти худ муносибаташро бо давлат ва Њукумат тира сохт. Бозињои пасипардагї бурд, буљаи њизбро аз њисоби сармоягузорињои њадафноки хориљї, ки албатта, бебозгашт набуданд, комил кард, фазои иттилоотї ва иљтимоиро тариќи думравакону њаммаслаконаш маѓшуш сохт, дар муњитњои иљтимої ва оммавї дунявиятро тадриљан зери суол бурд ва шиорзанињои сунъию номутаносиби «демокросии исломї»-ро љойгузини он кард… Бар мабнои ин умур давлати дунявї чї гуна метавонист бо Кабирї канор биёяд. Ба Кабирї ва њизбаш имконоти фарохи фаъолият дод, вале аз ин имконот сўйистифода шуд, бинобар ин,  дар асоси далелҳои раднопазири исботкунандаи ҷиноятҳояш фаъолияти ин  њизб  боз дошта шуд. Агар ин корро намекард, имрўз амри маъруфи тахрибкоронаи наҳзатиҳо дар фазои Тољикистони озоду демократї танин меандохт. Ба ин мутмаин бояд буд. Таљрибаи зиёда аз њазорсолаи њукуматњои исломї ва собиќаи наздик ба чињилсолаи нањзатї ин воќеиятро бозгў мекунанд, ки давлати динї давлати мардумї нест ва он њељ гоњ миллат, халќ ва љомеаро дар авлавият ќарор намедињад.

5.Дар бахши «Кабирї» рањбари нањзатиро ба бањси рў дар рў даъват мекунад ва ишора мефармояд, ки тибќи ойини сиёсї ва фарњанги сиёсатмадорї амал намояд ва дар маърази корбарони фазои маљозї ва шабакањои иљтимої аз худ дифоъ кунад. Хитобан менависад, ки аз пуштибонињои фейкї ва чанд бењувият изњори ризоият накунад, зеро онњоро касе намешиносад ва дар пайи шинохти онњо њам нест. Аз ин рў, бањси рўбарў ва ошкоро роњи њалли мушкилот аст. Ќаблан инро њам мегўяд, ки омода аст сиёсатмадорро бишунавад ва ба њар нуктаи овардааш посух бидињад. Д. Атовуллоњ бањси бериё ва танњо ба танњоро хостор шудааст ва кашидани дигар нафаре ва ё гурўњеро ба ин бозии номатлуб савоб намедонад. Аљаб пешнињоди хубе. Акнун навбати наҳзат  аст. Оё омода аст бо Д. Атовуллоњ рў дар рў мубориза кунад ва ё боз мисли ќаблї думравакон ва гумоштањояшро ба бозї медарорад ва худ аз пушт бозии номатлубро тамошо мекунад. Ваќт довар аст, мунтазир мемонем.

6.Ва дар нињояти ќисса-матлаб Д. Атовуллоњ ба «МАРДУМ» – ба сарчашмаи давлат ва Њукумат мурољиат карда, љонибдори бањси рў дар рўйи ду тарафи мутаќобил будани халќро мепурсад. Ростї, халќ ва мардум метавонанд ба хулосањои бањси нањзатї ва дунявї нуќтаи тамат гузоранд. Фикр мекунем, рўзноманигор ва сиёсатмадори тољик Д. Атовуллоњ «ногуфтањо ва аломати нуќта»-ашро тавонистааст, ки бигўяд ва дар сафњаи мољарои тўлонї нуќта гузошта, дар ин маврид дигар интизорї накашад. Њалолаш бод. Бо он ки халќ аз њарфњои музахрафи наҳзатиҳо то гулў сер шудааст, аммо имрўз фурсате фаро расидааст, ки њарфи хотимавиро дар мољарои Додољони Атовуллоњ ва М.К. бизанад. Бовар дорем, ки ин њолат сурат мегирад ва њарфи дунявї (дар гуфтору навиштори Д. Атовуллоњ) бар газофањои асримиёнагї (дар матолиби тими нањзатї)  пирўз хоњад шуд…

 

Фаридун Ориёї, тахлилгар

 

14 ноябри соли 2018, соати 11:15, љумъа