ҶОНИ МАН,  ТУ ТАНҲО НЕСТӢ

Хабарҳо

Барҳақ, бузургтарин рафтори неку ҳамидаи инсонӣ  ин хурсанд кардани дили афгоре мебошад. Сила кардани сари ятимаке, даст гирифтани пире, аз роҳи бад гардонидани роҳгумзадае ба фазилатҳои некӣ инсонӣ мансубанд.

Вобаста ба ин гуфтаҳо, субҳи рӯзи 28 декабри соли 2018 бо  ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дили озурдаи бештар аз 26 нафар ятимон шод карда шуд.

Ба  онҳо ба маблағи 6400 сомонӣ либосҳои зимистона, 1000 сомонӣ туҳфаҳои солинавӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои бонангу номуси ноҳия харидорӣ ва тақдим гардид.

Аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам Р. Сафарзода маблағи 2600 сомонӣ ҷудо ва ба кӯдакон тақдим карда шуд. Инчунин, ба маблағи 1500 сомонӣ аз тарафи соҳибкорон барои кӯдакон хӯрок доданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бо пайравӣ ба иқдомҳои неки  хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони мо  ҳеҷ як ятим аз ғамхорӣ дур  нахоҳад монд.

 

Хуҷамуродов М.

сармутахассис, котиби

комиссия оид ба ҳуқуқи

кӯдаки ноҳияи Хуросон