Ҳаракати босмачигарӣ чун лаккаи таърихии наҳзатӣ

Хабарҳо

Аслан пазириши арзишҳо аз тарафи ҷомеа бо дараҷаи маълумотнокӣ, хирад ва ақлу заковати шахсиятҳои он вобаста аст. Дар ҷамъияте, ки сохтори давлатдорӣ ва иҷтимоӣ тағир мехӯранд, ҳатман арзишҳои нави ақидавӣ, муносибатҳои тоза ва диди нав ба ин арзишҳо арзи ҳастӣ мекунанд ва қабули онҳо то андозае боиси пайдоиши мушкилот мегардад.

Агар дар пазириши онҳо ба иштибоҳ роҳ дода шавад, он гоҳ ошноӣ ва қабулашон ҷомеаро ба сӯи ифрот мекашад.
Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои тоҷикон имконият дод, ки бо такя бар зербинои мустаҳками арзишҳои миллии хеш, аз ҷумла тамаддуни куҳани аҷдодӣ, таҷрибаи ҳазорсолаи давлатдорӣ, таъриху адабиёти воқеӣ, ки ҳатто душманони миллат наметавонанд онро инкор кунанд, заминаҳои худшиносии миллӣ ва рушду такомули давлати ҷавони худро ба роҳ монанд. Аммо мутаассифона ин талошҳоро шахсияту гурӯҳҳои алоҳида барои амалӣ намудани ниятҳои муғризона ва манфиатҳои бегона истифода бурданӣ шуданд. Онҳо арзишҳои миллиро бо ақоиди динӣ-мазҳабӣ махлут намуда, ҳатто динро аз миллат боло гузоштанд ва кӯшиш карда истодаанд, ки ҳама ҳодисаҳои бо дин алоқамандро ҳамчун ҳуввияти миллӣ муаррифӣ намоянд. Чунончӣ, аз соли 1989 ба ин ҷониб, ин гурӯҳ даст ба мавзӯи «Босмачӣ кӣ буд?» заданд ва талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, ки босмачиҳоро ҳамчун «муҷоҳид», «ғозӣ», «муборизи роҳи ислом» ва ҳаракати онҳоро «ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ» нишон диҳанд. Чун нек ба эҷоднома ва фарзияҳои ин муаллифон менигарӣ, ошкоро дармеёбӣ, ки ғараз аз «таърих»-нависии онҳо, сафед намудани ҳаракати босмачигарӣ ва пешвоёну аъзоёни дастаҳои босмачӣ мебошад. Воридшавии амиқтар ба мавзӯъ нишон медиҳад, ки аксарияти ҳомиёни ин ҳаракат ашхосе мебошанд, ки бевосита ва бавосита дар воқеаҳои хунини солҳои 90-уми асри гузашта дар хоки Тоҷикистон даст доштанд.
Таҳлили ин ду қазия, собит месозад, ки ҳам воқеаҳои солҳои 20 – 30-юми асри бист ва ҳам ҳодисаҳои солҳои 90-уми ин аср як шабеҳияти хосе доранд: Якум, ин ҳодисаҳо дар арсаи аз миён рафтани як сохти давлатдорӣ ва ташкил шудани шеваи дигари давлатдорӣ рух доданд. Дуввум, дар ҳар ду ҳолат миллати тоҷик бозичаи дасти бегонагон қарор гирифт ва на арзишҳои миллии хеш, балки манфиати ғайрро ҳимоя кард. Сеюм, дар ҳар ду замон, тоҷиконро таҳти даъватҳои дурӯғини «ҷиҳоди муқаддас барои дини ислом» ба майдони набарду сиёсатбозӣ кашиданд. Чаҳорум, ҳар ду дафъа, ин ҳодисаҳо барои миллати мо таҳмилӣ буданд, аз хориҷ тарҳрезӣ ва маблағгузорӣ шуданд ва зимни онҳо соддалавҳӣ ва бесаводии аҳолӣ, хусусан эътиқоди таассубомези онҳо ба дини ислом, аз ҷониби сиёсатбозони дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо истифода бурда шуданд.
Нахуст мехоҳем таваҷҷӯҳи хонандаро ба як нуқта аслӣ, ба шахсият ва ҳуввияти поягузорону сарварони ҳаракати босмачигарӣ, мансубияти миллӣ ва қавмии онҳо ҷалб намоем, то барои хонандаи мӯҳтарам аз оғоз равшан гардад, ки то кадом ҳад ҳаракати босмачигарӣ бо миллати тоҷик ҳамбастагӣ дорад ва ҳаммиллатони мо дар ин ҳаракат дар кадом нақш қарор доштанд ва «қаҳрамонӣ»-ҳои онҳо ба хотири кадом аҳдоф, зери парчами кадом қувваҳо ва баҳри ҳимояи манфиати киҳо равона гардида буданд: Амир Саид Олимхон – охирин амири сулолаи манғитиҳо. Дар давоми ҳукмронии хеш ягон амалеро дар самти пешрафту нумӯи он ҳудуди аморат, ки имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, анҷом надодааст, ба ҷуз ҷамъоварии боҷу хироҷ аз мардуми нодору камбизоат тавассути беку амалдорони таъиннамудааш. 99 дар сади аҳолии минтақаи мазкур дар замони ӯ хату савод надошт; Анварпошшо (Исмоил Анвар) – шаҳрванди Олмон, сиёсатмадори моҷароҷӯ, пантуркисти ашаддӣ. Ният дошт, ки бо истифода аз ҳаракати босмачигарӣ инқилоби сотсиалистиро дар ҳудуди Осиёи Миёна сарнагун сохта, давлати Туркистони бузургро эъмор созад.
Тавре аён мегардад, дар ҳаракати босмачигарӣ мавқеи асосӣ ва пешоҳанг ба аҷнабиён тааллуқ дошт ва онҳо аз ҷониби амир имтиёзоти зиёдеро дар Бухорои Шарқӣ бархурдор буданд. Сабаби аслиаш он буд, ки дар пахш кардани эътирозу шӯришҳо ва норозигиҳои мардуми кӯҳистон амирони Бухоро маҳз ҳамин бегонагонро ҳамчун дастгоҳи ҷазодиҳанда истифода мебурданд.
Хулласи гап, муборизаи онҳо ҳеҷ робитае бо ватанхоҳӣ ва ҳимояи манофеи миллати тоҷик надошт. Онҳо дар хизмати бегонагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардонидани амири Бухоро Саид Олимхон ба тахти «вожгунаш» (Иброҳимбек) ва ё бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд.
Ба иборати дигар босмачигарӣ, яъне ҳамин ҳизби ба ҳама маълуми террористии наҳзат мебошад. Ҳамон гароиши ба қатлу ғорат, ки хоси босмачӣ буд, ҳоло ҳамин наҳзатаки ғарбзада онро пайравӣ ва ҳукмфармо карданӣ аст.

Карим Давлатов, таҳлилгар