Дар алоқамандӣ бо марги адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова, ки бо изҳори назару мавқеъгириҳои ҳуқуқии хеш дар сатҳи ҷомеаи кишвар шинохта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаю сайтҳои ҷонибдори ТЭТ ҲНИ ахбори мухталифе интишор ёфтанд. Онҳо боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар зеҳни хонандагон гардиданд. Хабарнигори мо ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала, бевосита бо Ғайратҷон Воҳидов – шавҳари адвокати марҳум Файзиниссо Воҳидова, суҳбате доир намуд, ки муҳтавои он ба хонандагон манзур мегардад.