ПАЙМОНИ ХУНИН

Хабарҳо

Барои ҳар як миллати худогоҳ давлати мустақил, тамомияти арзӣ, парчами болафшон ва оромии ҷомеа аз бузургтарин муқаддасот ва арзишҳо буда, беҳтарин неъмат ба шумор меравад. Дар як асри пешрафта зиндагӣ мекунем, аммо ба ростӣ ҳамкорӣ кардани як созмони ҳуқуқ бо исломиҳои тундрав касро ба ҳайрат мегузорад.

Мардуми Тоҷикистон ба ростӣ САҲА-ро намешиносад ва баъди ҳамкориҳои ӯ бо ҳизби тундрав ва ифротгарои наҳзати исломи шинохтан ҳам намехоҳад ва ба ростӣ, ки эҳтиёҷи дифоъ кардани ҳуқуқҳои хешро тавассути ин созмон ҳам надорад. Ин ҳамкориҳои САҲА маро ба суханон ва шиорпартоиҳои яке аз саркардагон ва воизони ҳизби наҳзат мулло Саъдиддин, ки ӯро наҳзатиҳо дар миёни худ “Саъдии аср” меномиданд, ба ёд овард. Дар роҳпаймоии соли 1992 дар шаҳри Душанбе, мулло Саъдиддин дар миёни даҳҳо ҳазор ҳаводорони ҳизби наҳзат аснои суханронӣ бо шиорҳои “марг бар Амрико” баромад карда, онҳоро ҳамчун душмани ислом ва муслимин муттаҳам мекард.

Наҳзатиҳо ин шиорҳоро дар маъракаҳо бо ифтихор замзама мекарданд. Аммо имрӯз муддаъӣ бо муттаҳам дар як коса даст доранд. Ин шиорҳо шояд то имрӯз дар бойгонии Садо ва симо маҳфуз бошанд. Ҳангоме, ки Тоҷикистон аз дасти наҳзатиҳо дар оташи ҷанг месӯхт, ин созмони бонуфуз ва амсоли он куҷо буданд, ки дар хомӯш кардани оташи ҷанги бунёдсӯз нақше гузоранд. Имрӯз Тоҷикистон нисбат ба он солҳо миёни осмону замин тафовут дорад. Агар марому мақсади чунин созмонҳо воқеан тарафдорӣ кардан аз ҳуқуқи инсон бошад, ба хотири як мушт наҳзатиҳои ифротӣ Тоҷикистони ободу озод ва зиндагии ороми кулли мардуми онро бо ҳар баҳона ба номи ҳуқуқи инсон халалдор набояд сохт.

Созмонҳои муҳтарами бо ном ҳомии ҳуқуқи инсон!

Имрӯз дар садаи бистум зиндагӣ ба сар мебарем. Оё аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон давлате пайдо мешавад, ки ҳуқуқи инсон дар он ҷо сад дар сад таъмин бошад? Табиист, ки не. Имрӯз Тоҷикистон узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар солҳои 1992 қариб буд, ки аз дасти наҳзатиҳои ифротӣ аз ин неъмат маҳрум гардад.

Солҳост, ки дар Фаластин, Сурия, Ироқу Афғонистон ва Яман на танҳо ҳуқуқи инсон поймол мешавад, балки қонуни ҷангал аз сӯи ифротгароён дар он кишварҳо амал мекунад.

Муҳтарам раёсати САҲА!

Сиёсатҳои дурӯя на танҳо шахсияти шуморо доғдор ва нуфузу обрӯи созмонро коста мегардонад, балки дар дилу дидаҳо шакку гумонҳо пайдо мекунад, ки ин созмони амнияту ҳамкорӣ не, балки созмони ихтилофу иғвоангезӣ будааст.

Аз раёсати САҲА хоҳиш карда мешавад, ки қонунҳои амалкунандаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром намуда, ҳамкориҳои худро ба ҳизби террористӣ ва экстремистии наҳзати исломӣ қатъ намоянд, зеро обу оташ дар як зарф ҷой намегирад.

Дар ғайри ин сурат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ дархост ва пешниҳодҳои мо-мардуми Тоҷикистонро агар ба назар ва инобат бигирад ҳайати худро барои иштирок ба ин конфронс нафиристад, зеро ин созмон ба хотири як мушт ифротӣ на ба мардуми Тоҷикистон эҳтиром қоиланд ва на ба қонунҳои он.

Дар муддати кутоҳ дида шуд, ки роҳбари имрӯзаи ин ҳизби террористӣ дорои се ниқоб буда, се марҳаларо тай намуд:

1. Солҳои қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ ба ғояҳои демократӣ тамоюл дошт ва бо баъзе созмонҳои ҷосусии хориҷии ба ном “хайриявӣ” ҳамкорӣ мекард.

2. Якбора ба сафи ҳизби тундрави наҳзати исломӣ гароид.

3. Чунон ки ҳамагон шоҳиди ҳол гаштем, барои расидан ба аҳдофи шум ва пардапӯш кардани ғаразҳои хеш ба ном “Паймони миллӣ”-ро таъсис дод ва аз кӯчаву бозор шахсони тундрав ва ноогоҳ аз исломро дар атрофи худ ҷамъ карда, дар раъси ин гурӯҳак қарор гирифт. Атрофиёнаш маҳз ба хотири баровардани ниёзҳои моддӣ пайрави ӯ шуданд. Бояд гуфт, ки ҳимояи миллат, ватан, давлат вазифа ва ҳаққи мусаллами ҳар як шахс ва фарди хештаншинос ва баору номус аст. Оламу одам бубинанд, ки Кабирӣ ба ифротгароии динӣ қаноат накарда, боз ба ифротгароии миллӣ рӯй овардааст, ки ин мафкура аз тундгароии динии ӯ ғизо ва сарчашма мегирад. Таассуби динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, қавмӣ ва ҷинсӣ аз назари тамоми адён ва қавонини башар ва байналмилалӣ маҳкум буда, аз нигоҳи дини ислом низ дар гирду атрофи худ ҷамъ ва ё даъват кардани мусалмонҳо ба номҳои миллӣ, қавмӣ ва маҳаллӣ ҳаром ва мамнуъ мебошад. Истифода кардан аз ин номҳо ва вориди саҳнаи ислом шудан агарчӣ аз ин номҳо ният ва бӯи миллатгароӣ ҳам эҳсос нагардад, дини ислом чунин даъватҳо ва паймонҳоро гуноҳи бузург, амри ҷоҳилият ва мардуд медонад, зеро ин амал хилофи дастуроти қуръонӣ мебошад. Дар торихи гузаштаи ислом надидем, ки пешвоён ва бузургони ислом аз ин номҳо истифода карда, вориди майдони даъват гашта бошанд ва инро хизмат ба ислом ва муслимин дониста бошанд, зеро ислом эҳтиёҷ ва ниёз ба ин бозиҳоро надорад.

Ҳар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва ё дар алоҳидагӣ ба ном донишмандони исломӣ, ки аз ин роҳ пеш мераванд ё аҳдофи сиёсӣ ва ё мафоди иқтисодӣ доранд. Агар раиси ин паймон ва пайравонаш аз ғайринаҳзатиҳои исломӣ мебуд, мо дар ин сурат ҳарфе надоштем.

Ин гурӯҳак мехоҳанд бо ин шиорҳои дурӯғ зеҳни мардумро мушавваш ва халалдор сохта, онҳоро дар доми худ андозанд. Бо ҳамин хизмати хирсонаи худро мисли солҳои 90-уми асри гузашта ба маҳзари хоҷагони худ расонанд.

Инҳо ҳизби худро исломи беолоиш даъво карда ва мардуми мусалмони Тоҷикистонро ба узвияти он даъват мекарданд. Аммо имрӯз чӣ шуд, ки аз ҳизби худ фосила гирифта, рӯ ба нажодпарастӣ овардаанд? Ин ҷо суол ба миён меояд, ки чаро дигар аз тариқи ҳизби исломии худ даъват ва кори худро идома намедиҳанд, дар ҳоле, ки даъвои исломи холисро доранд? Чунон ки дар боло зикр намудем, дар кадом давру замон бузургон ва пешвоёни ислом дини исломро аз тариқи нажодпарастӣ ва қавмгароӣ ба номҳои “Паймони миллӣ”, “Эътилофи миллӣ”, “Наҷоти миллӣ” ва ғайраҳо ном бурда мардумро ба сӯи он даъват карда бошанд? Ин амали номашруъ чеҳраи аслии наҳзатиҳо ва ҳамаслаконашонро бармало месозад.

Ин ҷо мехоҳем, ба хотири ҳушдор додан ба аъзоёни ин паймон, ки узви Ҳизби наҳзати исломӣ набуданд ва ҳоло ҳам нестанд, аз он воқеаҳои маълум ёд оварем:

Айнан дар соли 1992 бо пешниҳоди хоҷагони ҳазби наҳзати исломӣ чунин паймон сурат гирифт ва дар раъси ин паймон барои валангор сохтани Тоҷикистон шахси эҳсосотӣ ва тундрав раиси Ҳизби демократӣ Шодмон Юсуфро интихоб карданд. Бубинед, ки пас аз оташ гирифтани Тоҷикистон ва шикаст хӯрдани онҳо аз сӯи қувваҳои мардумӣ, Шодмон Юсуф бо сад умеду хаёл роҳ сӯи кишвари ҳамзабонамон пеш гирифт. Аммо ғайричашмдошт аз сӯи мақомоти ин кишвар боздошт гардид. Баъд аз чанд муддат хору залил аз он кишвар ихроҷ гардид. Сабаби аслии чунин муносибат аъзои Ҳизби наҳзати ислом набудани Шодмони Юсуф буд.

Ин ҳама бояд дарси ибрат бошад, вале баъзе зиёиёни имрӯза боз сабақи чандсола пешро фаромӯш кардаву бори дигар тарафи чоҳе раҳ гирифтаанд, ки якбор афтида буданд.

Хуб фикру андеша кунед. Ҳоло ҳам дер нашудааст, аз ин “Паймон” даст кашед, вагарна дар оянда сарнавишти Шодмони Юсуф шуморо интизор аст.

Шумо аз ҷониби кадом миллат ҳарф зада, ҳуқуқҳои онҳоро ба заъми худ ҳимоя менамоед, дар ҳоле ки ҳамагон медонанд, ки ба хотири маблағ фурӯхта шудаед ва хоҷагон мехоҳанд бо дасти Шумо- муздуракон сарнавишти ин миллатро бо майл ва табъи худ рақам зананд, ақоиди фирқагарои худро дар болои ин миллат таҳмил намоянд ва мардуми Тоҷикисонро аз мазҳаб ва ақоиди худ мунсариф созанд. Шумо бо кадом рӯ ва аз кадом миллат ҳарф мезанед, ки донишмандони ин миллатро ба дасти навкарони худ ба хоку хун кашидед, аз ҷумла, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, нависандаи маруф Сайф Раҳимзод, прокурори генералӣ Ҳувайдуллоев ва дигар ходимони давлатиро. Роҳбарияти ҳизб аз нооромиҳо суистифода карда, ҳазорҳо писарон ва духтаронро аз тариқи намояндагони ҳизби наҳзат ба хориҷ бурда, мағзшӯӣ карданд ва аз мазҳаби бобоӣ хориҷ намуданд.

Дигар равшан аст, асосгузори ҷанг дар Тоҷикистон ин ташкилоти террористии наҳзати ислом буд ва боз мехоҳанд ин равандро идома бахшида, мардуми тоҷикро бори дигар хонабардӯш гардонанд.

Мақсад аз ин “паймон” – Паймони хунӣ мебошад, яъне наҳзат дар пушти парда бо хоҷагони худ аз нав аҳду паймон баста, мехоҳад боз дасти худро ба хуни миллат оғӯшта созад, зеро мехоҳад бо ҳамин қарзи хешро адо ва вазифаи худро иҷро намояд.

Ҳизби наҳзат чунин эътилофҳо ва паймонҳоро дар соли 1992 бо аҳзоби давр баста буд. Ин паймон идомаи нақшаи қаблӣ аст.

Шумо чун дидед, ки давлатҳои Аврупо ҳизбу ҳаракатҳои исломиро хуш надоранд, бо тарроҳии хоҷагони худ феълан каме аз ҳизб фосила гирифтед, ба хотири расидан бо аҳдофи худ бо ном ва услуби нав бо дастгирии баъзе созмонҳо, хусусан, ташкилоти САҲА кам-кам арзи зуҳур мекунед.

Бовар дорам, ки мардуми Тоҷикистон хусусан зиёиён ва аҳли қалам дар ин боб халқро дастгирӣ мекунанд ва ҳама бо ҳам даст ба даст дода намегузорем, ки ин ғуддаи саратонӣ боз дар пайкари Тоҷикистон реша сабзонад.

Қутбидинов Абдулмуъмин,

омӯзгори ДМТхабарнигор