Аз16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо иштироки қариб 60 давлат доир мегардад. Бо наздик шудани машварати навбатии солона таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ба иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ афзоиш меёбад.
Дар робита ба моҳият, аҳамият ва вазифаҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар конфронси Варшава, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи РАҲНАМО суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Пеш аз ҳама, мегуфтед, ки Машварати солонаи САҲА ё конфронси Варшава чӣ ҳадаф ва чӣ аҳамият дорад ва чаро ба он таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунанд.
Дар доираи ин машварат даҳҳо нишасти умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шудаанд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш медиҳад ва сиёсати худро ҳимоя мекунад. Ҳамзамон бо ин, мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифонашон ва ё баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ нақд шавад. Бинобар ин, фазои ин ҳамоиш маъмулан доғ шуда, он ҳар сол таваҷҷуҳи калони байналмилалӣ ва иттилоотиро ҷалб менамояд.
АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар машварати навбатӣ ҳайати расмии Тоҷикистон низ иштирок мекунад. Ҳадаф ва рисолати ҳайати давлати Тоҷикистон дар ин нишаст аз чӣ иборат аст?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Ба назари банда, рисолати ҳар ҳайати расмии давлатӣ, пеш аз ҳама, муаррифӣ, ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон аст. Банда се ҳадафи асосии ҳайати давлатро дар конфронси Варшава чунин мушаххас карда метавонам. Якум, муаррифии дуруст ва қатъии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс. Дуюм, инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои матраҳшаванда дар он ҳамоиш ва сеюм, рӯшанӣ андохтан ба саволу дархостҳое, ки иштирокчиёни ин конфронс дошта бошанд. Ҳадаф ва рисолати ҳайат ҳамин аст.
АМИТ «Ховар»: Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои берунӣ конфронси Варшаваро «саҳнаи баҳсу музокираи ҳайати давлат бо мухолифин» номидаанд? Оё дар ҳақиқат дар доираи ин ҳамоиш чунин мулоқот ё музокира бо намояндагони ба истилоҳ «мухолифин» дар назар гирифта шудааст?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Дар конфронси Варшава масъалаи музокираи ҳайати мо бо мухолифин умуман матраҳ нест. Умуман, тарафи гуфтугӯ ва муроҷиати ҳайати мо дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳаргиз он чанд шахси мухолиф нестанд. Балки дар конфронси САҲА, ки ҳайатҳои расмии 56 кишвар иштирок менамоянд, мо мавқеи Тоҷикистонро тибқи мавзӯъҳои рӯзномаи конфронс муаррифӣ ва дифоъ мекунем.
Умуман, аз ҷониби Тоҷикистон маҳз давлати Тоҷикистон узви САҲА аст, на ягон ташкилот ё фарди алоҳида. Бинобар ин, давлат ҳамчун узви расмӣ дар конфронси ин созмон иштирок мекунад. Новобаста аз ҳузур доштан ё надоштани шахсони мухолиф дар он ҷо ҳайати давлатӣ рисолати худро анҷом медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо оё зарурати музокира бо он афроди норозӣ ва ба ном «мухолиф» вуҷуд дорад?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Давлати Тоҷикистон таҷрибаи бузурги музокира ва сулҳофарию гуфтугӯ дорад. Аммо ҳоло мушаххасан музокира бо кӣ? Бо чанд шахси норозӣ, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо ҳавзаи роҳат ёфта, аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо фазои мухолифат месозанд? Дар таҷрибаи сиёсӣ музокира бо қувваи сиёсӣ ва ташкилоте имкон дорад, ки он ақаллан вуҷуди физикӣ дошта бошад, аъзо, пайравон ва заминаи иҷтимоии он дар ҷомеа муайян бошад. Аммо бо мавҷуди маҷозӣ музокира кардан имкон надорад.
Дар айни замон, агар ба ҷониби дигари масъала нигарем, тасаввуроти онҳое, ки дар берунанд ва талош доранд худро ҳарифи давлати Тоҷикистон матраҳ кунанд, дар бораи давлати Тоҷикистон бисёр кӯҳна ва ғайривоқеӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Онҳо тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати Тоҷикистон машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад…
АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, намояндагони он афроди «мухолиф» низ дар чорабинии Варшава иштирок мекунанд. Оё имкон дорад, ки аъзои ҳайати Шумо бо онҳо рӯ ба рӯ суҳбат кунед?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Бори дигар мегӯям, ки мо ҳайати музокиракунанда бо афроди мухолиф нестем. Аммо, агар бо касе аз ин шаҳрвандони норозии Тоҷикистон дар доира ё ҳошияи ин конфронс рӯ ба рӯ шавем, табиист, ки мо ҳам ҳамчун шаҳрванд суҳбат мекунем, фарҳанги мо, одоби миллӣ ва инсонии мо ҳамин аст. Аммо аз назари мавқеи сиёсии онҳо мо мефаҳмонем, ки ин саргардонии беҳударо бас кунанд, бар зидди давлату миллати худ баромад накунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд. Садҳо нафар аз ҳамсафонашон бо ихтиёри худ баргаштанд ва ҳоло дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ доранд. Ватан ободу озоду шукуфон аст, дигар ба осоиштагии он халал эҷод накунанд, мо як бор ин роҳро тай кардем…
Бахше аз роҳбарияти собиқи ҳизби манъшудаи наҳзат, ҳазорон нафар собиқ аъзои қатории он дар кишвар озод кору зиндагӣ доранд. Мирзомуҳаммадии Навид, Саидиброҳими Назар, Мавлавӣ Аёмиддини Саттор, Абдурраҳим Карим, фарзандони С.А.Нурӣ ва дигаронро гоҳо дар кӯчаю бозор мебинам. Ба худам мегӯям, ки онҳо чандин баробари ин даъвогарони имрӯза наҳзатитар буданд, аммо роҳи дуруст интихоб карданду имрӯз дар Ватан зиндагии осуда доранд…
Давлат имрӯз ҳатто касонеро, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргаштаанд, авф кардааст. То имрӯз қариб 200 нафар аз ин роҳ бо ихтиёри худ баргаштаанд. Бо ин мақсад ҳатто дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид шудааст, ки бозгаштагон ба тариқи содакардашуда авф мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Шабакаҳои ғаразноки иҷтимоӣ аз иштироки ҳайати бонуфузи Тоҷикистон ба ташвиш афтода, аллакай бо пахши хабару наворҳо зидди аъзои ҳайат тавтеаҳо чида истодаанд. Аз ҷумла, онҳо худи Шуморо «намояндаи собиқи мухолифин», «асбоби аёнии Ҳукумат» ва ғайра номида, ба иштироки Шумо дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус дода истодаанд. Шумо дар ин машварат ба чӣ унвон иштирок мекунед?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Он чӣ Шумо зикр кардед, тасаввури комилан беасоси муаллифони ин ҳарфҳост. Шояд онҳо ин суханонро барои камтаъсир кардани иштироки банда паҳн кунанд. Банда ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумат ба конфронси Варшава меравам, на дар ягон нақши дигар. Ман ҳудуди 22 сол аст, ки дар ниҳодҳои марказии давлат, аз ҷумла 6 сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди 14 сол дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунам. Солҳо роҳбарии раёсатҳои сиёсати дохилӣ, амнияти минтақавӣ ва сиёсати хориҷии ин Маркази муҳимтарини таҳлилии давлатро ба дӯш доштам. Бинобар ин, банда мувофиқи вазифаи хизматӣ, ҳамчун узви ҳайати расмии давлат дар конфронс иштирок мекунам.
Аз тарафи дигар, шояд банда нисбат ба аксари аъзои ҳайат собиқаи бештари кор дар давлатро дорам. Солона дар чандин конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок мекунам. Машварати Варшава яке аз конфронсҳои навбатист.
АМИТ «Ховар»: Ба ҳар ҳол, онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин фарзияҳоро матраҳ намудаанд, ки гӯё Шумо барои ин конфронс бо ҳадафи муайян интихоб шуда бошед…
Абдуллоҳи Раҳнамо:Ман хеле хушҳолам, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон имсол аз афроди босалоҳият ва соҳибназар дар соҳаҳои худ ташкил шудааст. Бинобар ин, барои дар Варшава чӣ гуфтану чӣ нагуфтани мо ягон хел машқи иловагӣ зарур нест. Балки дар доираи сиёсати давлатӣ, дар доираи касбу ихтисосамон ва дар ростои мақсадҳои расмии ҳайатамон амал мекунем.
Шахсан банда, илова бар собиқаи кор дар давлат, солҳо дар мавзӯъҳои муносибати дину давлат, ҳизбҳои сиёсӣ ва хусусан ҳаракатҳои динии сиёсӣ ва гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ тадқиқот кардаам. Муаллифи чандин китоб дар ин самт ҳастам. Мавқеи ман дар ин масъалаҳо шаклгирифта ва мушаххас аст. Бинобар ин, дар масъалаҳои ҷойдошта ҳамчун коршинос назари худамро озодона баён мекунам. Ман муаллифи мавқеи худам ҳастам.
АМИТ «Ховар»: Умуман, Шумо ҳамчун коршиноси собиқадори ин масъала, ба иқтидори мухолифини давлат чӣ тавр баҳо медиҳед, зеро онҳо дар доираҳои аврупоӣ ва дар фазои иттилоотӣ хеле фаъол мебошанд…
Абдуллоҳи Раҳнамо:Ба назари банда, иқтидори афроди «мухолиф» бисёр заиф ва маҳдуд аст. Шояд пуштибононашон қавӣ ҳастанд, аммо зарфияти худашон маҳдуд аст. Ду ҳолати одӣ ин заифиро нишон медиҳад. Якум, аз назари сохторию ташкилотию шахсиятӣ он ҷо қувваи воқеие боқӣ намондааст. Агар чанд нафар шаҳрванди норозӣ худро Паймони миллӣ ё ҳатто Созмони Милали Муттаҳид номанд ҳам, моҳияти масъала ва тавозуни сиёсӣ иваз намешавад. Бинобар ин, агар чунин тасаввуре ва интизоре ҷой дошта бошад, ки давлат бо ин афрод ҳамчун бо як ташкилот ё неруи сиёсӣ музокира мекунад, ин умуман тасаввури воқеъбинона нест. Давлат онҳоро на ҳамчун ташкилот, балки ҳамчун шахс ва шаҳрванди бо ихтиёри худашон баргашта метавонад баррасӣ ва авф кунад. Ин варианти воқеъбинона аст.
Дуюм, аз назари маводе, ки ду соли охир дар расонаю шабакаҳои онҳо ба нашр мерасад, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо дигар холиянд. 90 дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст. Ин нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст. Мисли он аст, ки шамъ хомӯш шудаасту дудаш чашмҳоро месӯзонад.
Хусусан, шахсан банда аз рафтори касоне, ки дар он миён ҳанӯз худро наҳзатию исломӣ меноманд, дар ҳайратам. Наход Ислом ин қадар дурӯғу ҳақорату таҳқиру туҳматро ба пайравонаш иҷозат диҳад? Наход шахси мусулмон падару бобои касе, арвоҳи гузаштагони касе, духтари касе ё модари касеро густохона таҳқир кунад, дар ҳаққи касе рӯирост туҳмат нашр кунад ва боз аз ин кораш лаззат барад? Вақте инсони шикстхӯрда дар муқобили мавқеъ, барнома, амал ва сатҳи тарафи муқобил чизе гуфтанӣ надорад, дастовардҳои онро бо ягон роҳ инкор карда наметавонад, пас дар бораи шахсияти ӯ менависад, ба таҳқиру сиёҳкунии шахсияти ӯ ва наздикони ӯ мегузарад. Ин муҳимтарин нишонаи заифӣ аст. Чунин амал ҳаргиз боварӣ ва эҳтироми ҷомеаро сазовор намешавад.
Бинобар ин, онҳо шояд дар фазои иттилоотӣ машҳур бошанд, бо дурӯғу дашному ҳақоратҳои худ шинохта шуда бошанд. Аммо, онҳо ҳаргиз дар он фазо маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат. Агар таъсире ҳам бошад, мутаассифона, таъсири манфию харобиовар хоҳад буд, на таъсири созанда.
АМИТ «Ховар»: Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба ин конфронси байналмилалӣ бо чӣ гуна эҳсосот меравед?
Абдуллоҳи Раҳнамо:Шахсан банда ба ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ бо сари баланд ва рӯи сурх меравам ва албатта, бо эҳсоси баланди масъулият. Боварӣ дорам, ки тамоми аъзои ҳайат бо ҳамин эҳсос мераванд. Сари баланд аз он, ки аз як кишвари ободу озод, аз як ватани зебою биҳиштосо ва аз як давлати амну босубот намояндагӣ мекунам. Ман ҳамроҳи худ навиди ободии Тоҷикистон, паёми созандагиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтихори ваҳдати устувори ҷомеаи Тоҷикистонро мебарам. Ман ҳамроҳи худ рӯшание аз нури Роғун, гуле аз гулгаштҳои зебои Душанбе, нафаси тозае аз рӯзгори осудаи мардуми Тоҷикистонро мебарам. Банда саршор аз ин ифтихор меравам, ки ҷузъе аз ин раванди азими созандагӣ, ҷузъе аз ин ваҳдат ва ҷузъе аз ин лаҳзаи таърихофарӣ ҳастам. Бинобар ин, бо ҳар касе, ки он ҷо рӯ ба рӯ шавем, бо ҳамин эҳсоси баланди ватандорӣ ва бо ифтихор суҳбат хоҳам кард.
Аммо дар боби масъалаҳои мушаххасе, ки дар доираи рӯзномаи конфронс матраҳ мешаванд, аъзои ҳайати босалоҳияти давлатӣ мавзӯъ ба мавзӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯшанӣ хоҳанд андохт. Ман боварӣ дорам, ки ҳайат ин рисолати худро бо сари баланд иҷро мекунад.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат