ХУҶАНД, 18.09.2019. /АМИТ Ховар/. Дар паи тирпаронии бегоҳии 16 сентябр дар ҳудуди марзии Тоҷикистону Қирғизистон, яъне дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров се марзбони тоҷик— як подполковник ва ду сарбоз кушта шуданд. Инҳо подполковник Рустам Убайдуллоев ва ду сарбози қаторӣ— Рамазон Исломов ва Илёсиддин Субҳонов мебошанд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” дар вилояти Суғд, ки аз ҷои ҳодиса дидан намуд, муноқишаи мазкур бар асари оғози сохтмони ғайриқонунии марзбонони қирғиз дар мавзеи баҳсии байни ду маҳалла – Баҳори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақсади Ҷумҳурии Қирғизистон ва эътирози мардуми маҳаллаи Баҳор ба вуқӯъ пайвастааст.
Мавзеи асосии баҳси навбатӣ нисбат ба аҳолии маҳаллаи Баҳори ҷамоати Овчӣ-Қалъача- ин майдони варзишгоҳест, ки паҳлуи мактаби умумии №8-и маҳалла ҷойгир буда, давоми чандин сол аз ҷониби ҷавонони ҳарду давлат дар самти ташкили мусобиқаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошт. Ба андешаи даъвогарон, гӯё ин майдони варзишгоҳ дар мавзеи баҳсӣ, яъне хатти сарҳадӣ қарор дошта, он набояд аз ҷониби сокинони ин маҳаллаи тоҷикнишин истифода гардад. Ҳол он ки худи қирғизҳо дар ин мавзеъ нақшаи сохтмони дидбонгоҳи ҳарбии худро доштанд ва кӯшиш карданд, то бо овардани масолеҳи сохтмонӣ дар ин мавзеъ пойдевори онро бунёд намоянд. Ин амали бе розигӣ, бе огоҳӣ ва бе мувофиқаи қирғизҳо бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба нофаҳмиву амали хунин оварда расонид.
Чуноне муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача Абдуҳамид Одинаев зимни суҳбат баён дошт, то соли 2016 дар варзишгоҳи мазкур аз ҷониби ҷавонони деҳаи Қалъача, аз ҷумла, маҳаллаи Баҳор мусобиқаҳои варзишӣ, чун бозии футбол гузаронида мешуданд. Мутаассифона, баъд аз соли 2016 аз ҷониби сарҳадбонон ва масъулини Ҷумҳурии Қирғизистон баҳсҳое ба миён омаданд, ки гӯё варзишгоҳ дар минтақаи байнисарҳадӣ қарор дошта, истифодаи он то иҷозат шудан ё ба охир расидани корҳои демаркатсионӣ ва делимитатсионӣ ғайриимкон мебошад.
Аз ин лиҳоз давоми солҳои 2017 то 2019 дар варзишгоҳи мазкур барои гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ҳам ба ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон иҷозат дода нашудааст. Инчунин тибқи протоколҳои байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзорасида, бояд дар хатти сарҳадӣ бунёди ягон намуди иншоот ё бурдани корҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта нашавад. Аммо, мутаассифона, аз ҷониби шаҳрвандон ва роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи мазкур риоя нагардида, имрӯзҳо дар аксарияти ҷойҳо сохтмон идома дорад. Вале вақте ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуд сохтмон оғоз гардад, ҳам аз тарафи роҳбарият ва ҳам сарҳадбонони Қирғизистон бурдани чунин корҳо манъ карда мешавад, ки ин кор яктарафа буда, хилофи амалҳои аз ҷониби худашон иҷрошаванда мебошад.
Мавсуф ҳамзамон вобаста ба ҳодисаи тирпарронии бегоҳи 16 сентябр иброз дошт, ки тақрибан соатҳои 18:15 ё 18:20 аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон тирпарронӣ оғоз гардида, дар натиҷа се нафар марзбонони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Ҷавобан ба ин амал аз ҷониби марзбонони тоҷик низ оташ кушода шуд. Худи тирпаронӣ тақрибан 1,5 соат идома ёфта, ба хонаҳои истиқоматии чандин бошандагони маҳаллаи Баҳор зарари ҷиддӣ расонида шуд.