Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, сана 17.09.2019с.

Хабарҳо

Ниятбеков Вафо (сардори Раёсати матбуот, иттилоот ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ)
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон тамоми шароитҳо барои ВАО, фароҳам оварда шудааст. Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошанд. Маҳдудкунӣ дар бахши ВАО ва озодии сухан умуман вуҷуд надорад. Озодии сухан дар Тоҷикистон асоси демократия мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз садҳо ВАО-и хориҷӣ ва дохилӣ фаъолият мекунанд, аммо бархе аз онҳо маълумотҳоеро паҳн месозанд, ки хусусияти иғвогарона доранд. Тадбирҳои ҳукумат танҳо ба мақсади пешгирии маълумотҳои бардурӯғ ва таблиғи ғояҳои ифротӣ мебошад.

Дар радифи ин, ҳолати худқатъкунии фаъолияти рӯзноманигорон ва бахши ВАО дида мешавад. Барои мисол сомонаҳои «Озодагон» ва «Пайк» бинобар сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахш ва муфлисшавӣ фаъолияташро қатъ кард. Дастгири намудани ғояи терроризм ва экстремизм аз ҷониби бархе ВАО, махсусан таблиғи ин ғояҳо аз ҷониби ҲНИ ва Гурӯҳи-24 бозиҳои дугона боис мегардад, ки байни шаҳрвандони кишвар маълумоти зараровар паҳн гардад. Мо рад намекунем, дар бархе ҳолатҳо далели маҳдуд шудани дастрасӣ ба ВАО вуҷуд дорад. Аммо, сабаби он норасогии техникӣ ва корношоямӣ мебошад.

РУСТАМОВ ҲАЙДАР (КОРМАНДИ АИ ҶТ)
Дар ҶТ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷвнги шаҳрвандӣ аланга гирифт. Баъзе аз шарикон ба кумак ва ёрӣ ба Тоҷикистон даст дароз карда, баъзе аз сохторҳои бадхоҳ аксуламал нишон доданд. Нақши ВАО дар ҶТ муассир аст. Ман ҳамчун рӯзноманигор кафолат медиҳам, ки то замони халалдор гардидани фазои ВАО рӯзноманигорон ба давлатӣ ва мустақил ҷудо намешуданд. Рӯзноманигор вазифаи рӯзноманигорӣ дошт ва ба як маъно фаҳмида мешуд. Аммо айни ҳол бошад, бархе аз рӯзноманигорон худро мустақил эълон кардаанд. Дар фаъолияташон ахлоқи рӯзноманигорӣ риоя карда намешавад, ки ин боиси қатъ гаштани ВАО-и мустақил шудааст. Дар маводҳои ВАО-и мустақил ягон матлаби таҳлилӣ дида намешавад. Дар ҳолати талаб кардани чопи чунин матлаб рӯзноманигорон саркашӣ мекунанд ва далел пеш меоранд, ки маталаби онҳоро ягон кас матраҳ намекунад, таваҷчуҳ намесозанд ва ба фаъолият онҳо ба таври бояду шояд мувофиқ нест. Аз ин рӯ, рӯзноманигорони мустақил даст ба паҳн намудани маълумотҳои бардуруғ, фейк ва иғвоангез мезананд.
Инунин, ҳолати арабикунонии рӯзномагорони мустақил дида мешавад. Рӯзноманигорони мустақил аз ҳар вақта дида бештар калимаҳои иқтибосии арабиро истифода мебаранд, ки барои хонанда фаҳмо нест. Аз ин рӯ аудиторияи хонандро аз даст медиҳанд, ки дар инҷо Ҳукумати ҶТ гунаҳгор нест.

МАҲКАМОВА ДИЛОРОМ (НАМОЯДАИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ «ХОМА»)
Ман омӯзгори бахши рӯзноманигорӣ мебошам. Чандин нафар рӯзноманигоронро омода намудам. Рӯзноманигорони омодашуда ҷавобгӯи талаботҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Барои фаъолияти рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Барои бисёрандешӣ Ҳукумати ҶТ тадбирҳои муассирро андешида, марказҳои фаъолияти дастҷамъонаи ВАО, омодакунии мутахассисон ва табоддули таҷрибаро фаъол гардонидааст. Бо мақсади қадрдонии рӯзноманигорон хамасола санаи 2-юми май «Рӯзи хабарнигорон» бо иштироки намояндагони Ссафоратхонаҳои кишгварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҶТ таҷлил карда мешавад. Рӯзноманигор бояд бомасъулият бошад ва дар назди аудитория ва хонандааш рисолати бузург дорад. Ҳукумати ҶТ бо мақсади боз ҳам тақвият додани кори рӯзноманигорон табдирҳои муассирро андешида, фиъолияти рӯзноманигорӣ асосҳои қонунгузои ватшкилиро ҳамавақта тақвият медиҳад.

ВАЛИЕВ ИНОЯТУЛЛОХОН (ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ СОМОНИЁН ДАР ҚАЗОҚИСТОН)
Ман ифтихор аз он дорам, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон истиқомат менамоям. Қазоқистон тавонист баъди 11 сол тамоми сарони кишварҳои САҲА-ро дар як толор сарҷамъ намояд. Мо тоҷикони муқими Қазоқистон ба ҳукумат ва халқи ин кишвар минатдорем. Қазоқистон дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ба мо дасти ёрӣ дароз намуд. Макони зист таъмин кард. Аммо нерӯе ҳаст, ки нисбати халқи тоҷик фаълияти тахрибӣ мебарад. Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти душманонаи зиддитоҷикӣ мебарад.

ВАФО НИЯТБЕКОВ (ТАШАББУСКОРОНА ИЛОВАТАН БАРОМАД НАМУД)
Мехоҳам қабл аз ҳама қайд намоям, ки дастрасӣ ба маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҳифз карда мешавад. Мувофиқи қонунгузории феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ баъди муроҷиати журналистон бояд дар давоми 3 шабонарӯз ба дархосткунанда ҷавоб пешниҳод намоянд. Инчунин давоми як сол ду маротиба тамоми мақомот ҷаласа ва вохӯриҳо бо журналистон доир карда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои муфассал пешкаш менамоянд.
Дар баромади қаблиам ман қайд намуда будам, ки дастгирӣ, таблиғ ва интишори маълумот оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ аст. Баъзе намояндагони ВАО-и мустақил барои ТТЭ ҲНИ ва ташкилоти экстремистии «Гурӯҳи-24» имконияти бурдани таблиғотро фароҳам месозанд. Намояндагони ин ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар ҷаласаи имрӯза низ иштирок дошта, пушти пардаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ паноҳ бурда, мавқеи худро ироа намуда истодаанд.

ЗАРИФ АЛИЗОДА
Баъди интихоботи парламентии соли 2015 дар Тоҷикистон як қатор тағйиротҳо ба системаи интихоботӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла баъзе пешниҳодҳо амалӣ карда шуданд. Дар Тоҷикистон қонуни алоҳида оид ба фаъолияти комиссияи интихоботӣ коркард ва қабул гардид. Салоҳияти ин комиссия васеъ гардид. Комиссия оид ба интихобот доимоамалкунанда мебошад. Дар он намояндаи тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун машваратчӣ иштирок мекунанд. Мувофиқи қонун иштироки намояндагони мустақил ва хориҷӣ дар интихобот пешбинӣ гардидааст.
Соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи парламентӣ ва президентӣ баргузор хоҳад шуд. Мехоҳам аз фурсати муносиб истифода намуда, намояндагони БДИПЧ САҲА ва дигар ташкилотҳои байналмилалиро барои назорати раванди интихобот даъват намоям.
Вобаста ба вазъи парламент ва демократия қайд менамоям, ки дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият дорад. Аз онҳо 3 ҳизб дар парлумон намояндагони худро доранд. Ҳамчунин дар парламенти Тоҷикистон 3 фраксия мавҷуд аст. Ташкилоти «Гурӯҳи-24», ки қаблан баромад намуд, мувофиқи Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эътироф гардидааст. Беш аз ин, қайд менамоям, ки таҳқири Ҳукумати ҶТ дар чунин ҷаласаи сатҳи баланд, истифодаи калимаҳои «фюрер» нисбати роҳбари давлат имконнопазир мебошад. Майдони ҷаласа набояд ба ҷойи қассосгирӣ табдил дода шавад.

КАРИМЗОДА ШАРАФ
Дар рафти баромади Ёқубов Илҳомҷон аз ҷониби ҳайати расмии Тоҷикистон як маротиба тибқи тартиби пешниҳодшуда эърод ворид гардида, ҷиҳати дақиқ намудани шахсияти баромадкунанда рӯи рӯйхати сабти ном пешниҳод ироа гардид.
Паз аз баромад низ дар хусуси мутобиқат накардани шахсияти баромадкунанда аз рӯи рӯйхати қайд эъроди намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон ба модератори чорабинӣ 3 маротиба пешниҳод шуд.

ҶАМЪИЯТИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ АБДУРАҲМОНОВ А.
Барои даъват минатдорам. Мехоҳам қайд кунам, ки ташкилоти мо ҷавон ҳам бошад, аммо мо дар 25 шаҳрҳои Федератсияи Россия намояндагиҳои худро дорем. Ҳайати аъзоёни ташкилот беш аз 25 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчун ташкилоти мустақил мо диди худро вобаста ва гузаронидани интихобот дар Тоҷикистонро дорем.
Соли 2015 халқи тоҷик интихоби худро намуд. Раванди интихоботро намояндагони кишварҳои Ғарбу Шарқ, ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА бобати ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будан назорат намуданд.
Мехоҳам қайд намоям, ки муҳоҷирони меҳнатӣ имконияти озоди овоздиҳӣ дар нуқтаҳои махсус ташкилшударо доранд, ки дар ҳудуди ФР ҷойгиранд. Гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз куҷо маълумотҳои бардурӯғро ба даст овардаанд? Онҳо меъёрҳои байналмилалиро эътироф намекунанд? Барои чӣ онҳо манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои миллат боло мегузоранд?
Ташкилоти мо мустақил буда, низомнома дорад. Озодона фаъолият менамояд ва ягон нафар ҳуқуқҳои моро маҳдуд намесозад. Мо аз САҲА даъват менамоем, ки баҳогузории худро на дар асоси гурӯҳҳои шубҳанок, балки дар асоси натиҷаи тадқиқоти мустақили сотсиологӣ муайян намояд. Инчунин, хоҳиш менамоям, ки далели дар қайд будани ташкилоти қаблан баромадкарда санҷида шавад.

Каримзода Ш.
Мехоҳам қайд намоям, ки дар ин толор намояндагони 3 ташкилот баромад намуданд ва қайд карданд, ки дар Тоҷикистон демократия ва интихоботи шаффоф мавҷуд нестанд.
Қайд менамоям, ки ташкилотҳои баромадкарда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди кишвар манъ карда шудааст. Ҳамзамон, аъзоёни ин ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ба Аврупо омада номҳои худро тағйир додаанд ва акнун дар ин минбар баромад мекунанд.