Баромадҳои ҳайати Ҳукумат дар нишасти САҲА, санаи 19.09.2019с.

Хабарҳо

ЗАРИФ АЛИЗОДА
Ҳукумати ҶТ барои гузаронидани ҳаракатҳо, намоишҳо, аз ҷумла намоишҳои эътирозӣ талаботи қонунии чунин чорабиниҳоро муайян кардааст. Аз ҷониби шохаи қонунгузор пакти шаҳрвандиро тасдиқ кардааст. ҶТ базаи қонунгузории қавӣ дар хусуси ҳамоиш, паймонҳо ва намоишҳоро доро мебошад.

Дар кишвар 7 ҳизб фаъолият карда, 3 тои он дар парламент фраксия доранд. Беш аз 2 ҳазору 500 адад ташкилотҳои ҷамъиятӣ, 43 адад ташкилотҳои ақаллиятҳои миллӣ, 52 адад ташкилотҳои байналмилалӣ, 581 адад ташкилотҳои кор бо занон ва дигар созмону иттифоқҳо фаъолият мекунанд. Илова бар ин, қонунгузор фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳоеро, ки мақсадашон бар зидди манфиатҳои давлату миллат амнияту суботи миллӣ равона шудааст, қатъ менамояд. Ба ин сифат фаъолияти ҲНИ, ки яке аз асосгузори он генерал Назарзода А.М.- собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ буд, бо маслиҳати пешакӣ бо роҳбарияти ҲНИ махсусан Кабирӣ ба табаддулоти давлатӣ даст зад. Дар натиҷа 52 нафар ҷони худро бохтанд. Тарроҳони табаддулоти давлатӣ махсусан Кабирӣ ва Назарзода А.М. давоми соли 2015 зиёда аз 20 гурӯҳҳои хурди мусаллаҳро ташкил карда, дар қисматҳо гуногуни ш.Душанбе ва атрофи навоҳии он бо мақсади гузаронидани амалиёт сафарбар намудаанд. Яке аз ҳолатҳои рухдода, ғасби ШВКД дар ш.Ваҳдат буд, ки дар натиҷа теъдоди зиёди хизматчиёни ин ниҳоди қудратӣ ҷони худро бохта, дар баробари ин ҳуҷуми мусаллаҳона ба яке аз қисмҳои низомии ҚМ ҶТ сурат гирифт, ки дар натиҷа зиёда аз 600 лавозимоти ҷангӣ мусодира шуда, 12 нафар хизматчиёни ин мақомот ба ҳалокат расиданд. Саркардаи табаддулоти «04.09.» М.Кабирӣ тавассути фарзандаш Тиллозода Руҳулло ба Назарзода А.М. бо мақсади амалӣ намудани ғасби ҳукумат ва инфрасохтори хаётан муҳим 1,2 млн доллари ИМА-ро интиқол дода, чунин ҷинояти махсусан вазнинро роҳандозӣ ва назорат кард. Нақшаҳо ва далелҳои шайъии дарёфтшуда оид ба гуфтаҳои боло шаҳодат дода, далели муътамади мусодирашуда мебошанд.

КАРИМЗОДА ШАРАФ
Тоҷикистон шароитҳои заруриро барои тамоми намуди фаъолияти дастаҷамъона, аз ҷумла ташкилотҳо фароҳам овардааст. Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки даст ба барагенхтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва ё нажодӣ мезанад. Инчунин, ба таври зуроварӣ барои иваз намудани сохти констутсионӣ даст доранд, фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ мебошад. Тибқи қонунгузории ҶТ фаъолияти ҳизбҳое, ки хусусияти миллӣ ва ё динӣ доранд, ба қайд гирифта намешаванд ва ё фаъолият намекунанд. Бо мақсади пешгирии расмигардонии даромад аз ҳисоби ҷиноят ва маблағгузории терроризм дар қонуни ҶТ оид ба ташкилоти ҷамъиятӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Дар асоси тағйироти воридшуда ташкилотҳои фаъолияткунанда дар ҳудуди ҶТ уҳдадоранд, ки оид ба фаъолияти молиявӣ ва равобити хориҷиашон ба мақомоти дахлодор маълумоти саҳеҳ ва пурра пешниҳод созанд. Ҳамзамон, бо ташббуси ҷомеаи ҷаҳонӣ ҚонуниҶТ «Оид ба озодии гирдиҳамоӣ» ва «Ташкилотҳои ҷамъиятӣ» мавриди омӯзиш қарор гирифта, нақзи талаботҳои байналмилалӣ ба қайд гирифта нашуд. Мувофиқи омӯзиш маълум гардид, ки қонунҳои болозикр ба талаботҳои байналмилалӣ мувофиқат мекунад ва ҷавобгӯ мебошанд.

ТАШКИЛОТИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ҲАЙДАРОВ РУСТАМ
Аксарияти шаҳрвандони ҶТ пайравони дини ислом буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар заминаи ахлоқи инсонӣ ба роҳ монда шудааст, на дар асоси назарияи динӣ. Шахсан ман намехоҳам дар ҶТ дар асоси талаботҳои шариати дини ислом умр ба сар барам. Ман мехоҳам ҶТ озод бошад ва ҳар як шахс дар асоси талабҳои меъёрҳои конститутсионӣ умр ба сар барад. Ин нуқта асосӣ кафолати зиндагии озод мебошад. Баръаксии ин ҳолатро ТТЭ ҲНИ талаб карда, мехоҳад дар ҶТ давлати исломиро барқарор кунад. Кӯшишҳо ва таҷрибаи гузаштааш шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Халқи тоҷик умуман хоҳиши сохтани давлати исломиро надоранд. Аммо ман як ҳолати дақиқи кӯшиши барпо кардани давлати исломиро дар ҶТ, ки он ҳам бо ташаббуси аъзои РО ТТЭ ҲНИ Маҳмадали Ҳайит дар Сафорати Олмон дар ҶТ садо дода буд, нақл мекунам, ки бевосита шоҳиди он мебошам. Дар Сафорати Олмон дар ҶТ мулоқоти М.Ҳайит бо вакилони Бундестаги ин кишвар сурат гирифт. Дар саволи вакили олмонӣ ҳангоми дар ҶТ ба сари қудрат расидани Шумо ва ҳамҳизбонатон аз ҲНИ чӣ гуна давлат месозед. Посухи расмии М.Ҳайит: «Ҳангоми ба сари қудрат расидани мо дар ҶТ давлати исломӣ барқарор мекунем. Меъёрҳои конститутсионӣ ва Конститутсияро қатъ мекунем, давлати дар асоси шариати исломӣ сохташударо ба роҳ мемонем». Баъдан яке аз иштироккунандагон аз созмони «Немецкий волн» аз М.Ҳайит хоҳиш намуд, ки нисбат ба сохти конститутсионӣ ва давлатдории демократӣ ноэҳтиромӣ зоҳир накунад. Ман дар суҳбати он вақта ба сифати корманди фонди «Эберх» фаъолият мекардам. Дақиқан таъкид мекунам, ки маълумотҳои мазкур дар бойгонии Бундестаги Олмон ҷой дорад.

САМИЕВ КАМОЛИДДИН
Ба маълумоти ҳамаи иштирокккунандагон мерасонам, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ ақидаи ғаразнок доранд. Мақсади ягонаи асосии онҳо расидан ба қурдати сиёсӣ мебошад. Бо ин мақсад роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ ба ҷудоиандозӣ ва ихтилофагезӣ даст зада, ҳатто талаботҳои асмосии китоби «Қуръон»-ро сарфи назар карданд. Бо мақсади ноил шудан ба қудрати сиёсӣ аъзоёни ин ташкилоти террористӣ аввалан ба ноамнӣ даст зада ва баъдан ҷамъиятро ба тафриқаҳо ҷудо мекунанд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ намехоҳанд, ки дар ҶТ оромӣ бошад. Барои мисол яке аз аъзоёни фаъоли ин ташкилот Назарзода А.М. даст ба табадулотӣ давлати зад, ношукрӣ кард, мардум кушт. Яке аз ҳамдеҳагони ман Шералиев Фаромӯз аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ айни ҳол муҷоҳиди «ДИИШ» буда, дар шаҳри Мосули Ироқ бар зидди сохти конститутсионии ин кишвар мубориза мебарад. Як гурӯҳи калони узбакони ноҳияи мо, ки аъзои ТТЭ ҲНИ мебошад. Ба сафи ҷангиёни «ҲИУ» пайвастанд. Онҳоро ҲИТ ҷинояткор кард. 50 нафар аз аъзоёни ҲНИ феълан дар сафи ТБТ «ДИИШ» дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон меҷанганд. Маҳз ҲНИ дар ҶТ фанатизми исломиро асос гузошт ва ҷанги шаҳрвандиро оғоз кард. ТТЭ ҲНИ дар назди модароне, ки фарзандонашонро дар ҷанги шаҳрванди аз даст додаанд, чи мегуфта бошад.

АБДУЛЛОИ РАҲНАМО
Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои байналмилалиро дар самти озодии виҷдон ва дин қабул намудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохти давлатдории дунявиро қабул ва эълон менамояд. Маҳз сохти давлатдории дунявӣ кафили озодӣ ва амният дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Ҳамчун узви гурӯҳи корӣ барои қабули қонун дар бораи озодии виҷдон ва дин қайд мекунам, ки Тоҷикистон ҳангоми коркарди қонун ҳамаи 16 пешниҳодҳои БДИПЧ САҲА-ро қабул намуд.
Қонун барои ҳамаи динҳо ва мазҳабҳо ҳуқуқҳои баробарро кафолат медиҳад. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4 ҳазор ҷамъиятҳои динӣ, аз ҷумла беш аз 80 ташкилотҳои ғайрисломӣ фаъолият доранд.
Бо дастгирии Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳр калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ барои 120 ҳазор намозгузорон ба истифода дода мешавад.
Қисмати муҳими қонун ин ҳифзи ҳуқуқи акалиятҳои миллӣ, мазҳабӣ ва нафарони бе дин мебошад.
Маҳдудсозии фаъолияти ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки дини исломро барои мақсадҳои ғаразнок истифода мебаранд – маҳдудсозии ҳуқуқҳо ва озодии дин ҳисоб шуда наметавонанд. Кишварҳое, ки ин ташкилотҳоро дастгирӣ мекунанд – барои вазъи амниятии минтақа ҷавобгӯ мебошанд.

МАХКАМОВА ДИЛОРОМ
Дин ҳамавақт рисолати адолатпарастӣ дорад. Агар дин бо мақсадҳои ғаразнок истифода гардад, ҷамъият ба фано меравад боварии мардум канда мешавад. Ман ҳамчун сокини шаҳри Бохтар, ки аз аксарияти аҳолии ин минтақа биноюар сабаби ғаразнок истифода шудани дин мавриди азият қрор гирифтаанд, ҳикоят мекунам. Хонаводаи ман аз дасти диндорони муттаассиби ТТЭ ҲНИ шиканҷа шуданд, кушта гардиданд ва несту новбут шуданд. Соли 1992 маҳз террористони ТТЭ ҲНИ падарам Махкамов Юнусро дар назди дарвозаи хонаамон куштанд. Бародарам Махкамов Хуршедро низ дар шаҳри Бохтар ба қатл расониданд. Бародари дигариям Махкамов Эркинҷонро куштанд ва ба дарёи Вахш партофтанд, ки 3 фарзанди ноболиғи ӯ дар он замон бесаробон монд. Соли 1992 маҳз наҳзатиҳо ҷангро оғоз карданд, мардумро ғорат карданд, сокинонро бо ҳр шиор куштанд, ки насли ноҳияҳои Бохтар ва Вахш ин ҳодисаро аз сар гузарониданд. Нақшаи аз байн бурдани ҶТ-ро маҳз ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии С.А.Нурӣ кашид. Президенти кишвар Эмомалӣ РАҳмон ҷангро хомуш кард. ҶТ дубора гирифтори ин беморӣ намешавад. Магар ин кирдорҳои наҳзатиҳо адолат аст?

АМИНҶОН АБДУРАҲИМОВ, ТАШИЛОТИ ҶАВОНОН ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ
Ман аз номи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон баромад карда, қайд мекунам, ки баромадҳои роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабириро дар тули чандин солҳо таҳлил намудам. Муайян гардид, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ бо ташкилотҳои террористии байналмилалӣ робитаи устувор дошт. Маълумоти мазкур аз ҷониби хадамоти махсуси ИМА тасдиқ гардида, дар ҳафтаномаи муътабари Вашингтон пост нашр шудааст.
Роҳбари ТТЭ ҲНИ бо ташкилоти террористии «ал-Қоида» алоқамандӣ дошта, бояд ҳамчун пайвасткунандаи Тоҷикистон бо терроризми байналмилалӣ нақш мебозид.
Муатаассифона ҷанги таҳмилии солҳои 90 аз ҳисоби чунин ҳизбу ташкилотҳо оғоз гардида боиси ҳисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ гардид. Ман фарзанди ватан буда, ояндаи кишвар барои ман муҳим аст. Он азобу машақате ки падарони мо кашиданд, басанда буд. Мо такрори ин ҳодисаҳоро намегузорем.
Аз САҲА талаб менамоям, ки аз дастгирии ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ даст каше два ҳар як ташкилоте, ки даъвои баромад мекунад – санҷед.

ЗАРИФ АЛИЗОДА
Ман мехоҳам ба дуруғҳои аъзои ТЭ «Гурӯҳи 24» посух диҳам. Дар ҶТ барои гирифтани сатру ҳиҷоб ва мондани риш ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Президенти мо дар ягон баромадаш оид ба нафароне, ки сатру ҳиҷоб мегиранд, онҳоро таҳқир накардааст ва беақл нагуфтааст. Маҳз чунин ташкилоти экстремистӣ бо мақсади рӯйпуш кардани идеологияи ғаразноки худ чунин шиорпартоиҳоро истифода мекунад. Намояндагони ин ташкилотоҳо бо мақсади дар хориҷ таъмин кардани худ аз чунин шиорпартоиҳо истифода мекунанд. Кишвари мо аз он ҳаракатҳо худро эмин нигоҳ медоранд, ки мақсадашон таҳрези ва роҳандозии терроризму экстремизм мебошад. Таҳсили динии шаҳрвандон дар муассисаҳои динии хориҷа маҳдуд нашудааст. Танҳо бо мақсади пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ талаботи мушаххас роҳандози шудааст, ки он ҳам барои шаҳрвандон ягон монеъагӣ эҷод намекунад.