Баромадҳои ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти САҲА, санаи 16.09.2019с.

Хабарҳо

Роҳбари гурӯҳи ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон- Зариф Ализода қайд кард, ки ин чорабинӣ намояндагони 57 кишварро ҷамъ намуда, барои табоддули таҷриба ва афкор шароити мусоидро фарохам месозад. Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳояш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо масъулияти хоса муносибат менамояд.

Тамоми санадҳои байналмилалии САҲА вобаста ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудаанд. ҶТ кӯмаки БДИПЧ-ро ҷиҳати беҳтар намудани институтҳои демократӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок, мубориза бо терроризм, маводи мухаддир ва коррупсияро дастгирӣ намуда миннатдорӣ баён мекунад. Мо ҳифзи амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризмро масъалаи афзалиятнок мешуморем.
Кишварҳои САҲА бояд масъалаҳои мубрами амниятиро баррасӣ намоянд, на танқиди беасос кунанд. Корҳо бояд бо назардошти манфиатҳои миллии кишварҳои САҲА амалӣ шаванд. Дар хотима мехоҳам роҳбарияти САҲА-ро барои ин ҷамъомад ташаккур гӯям.

АЮБОВ ШАЙХУСРАВ (НАМОЯНДАИ АСОТСИАТСИЯИ ҶАВОНОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ)
Озодии баён яке аз заминаҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Махсусан ахбори оммаи озод, рукни асосӣ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ теъдоди ВАО-и озод ба маротиб боло рафт. Аз ҷониби Президенти кишвар Э.Раҳмон дар ҶТ интиқод ҳамчун асоси ташкили кор дар кишвар буда, омили аз байн бурдани сохтакорӣ ва ҷудоиандозӣ мегардад. Аммо, дар ростои ин интиқод бояд далелнок ва мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта бошад. Ҳукумати ҶТ рӯзноманигории созандаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Барои мисол дар ҳудуди кишвар ВАО-и хориҷӣ аз қабили ББС, Радиои Озодӣ Спутник ва ғайра фаъолият мекунанд, ки мисоли гуфтаҳои боло мебошад. Аммо, дар ҳошияи ин бояд фазои Интернет аз рӯзноманигории сохта ва зард эмин нигоҳ дошта шавад. Пешсафии маълумотҳои дақиқ ва ба таври дуруст фарқ намудани он кафолати фазои озодии иттилоот мебошад. Аз и н рӯ, дастурамалҳои умумиро тақозо мекунад.