“Авф- Дараҷаи башардӯтӣ”

Хабарҳо

Санаи 25 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» имзо гузоштанд.
Қонуни мазкур бо иқдоми гуманистонаи Президенти кишвар дар асоси принсипи инсондўстӣ ва раҳму шафқат, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои башар ва шаҳрванд ба ифтихори ва ба муносибати ҷашни 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 16 октябри соли ҷорӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.
Қонун «Дар бораи авф» ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад.
Мувофиқи моддаи 1 қонун аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:
-занон;
-ноболиғон;
-мардони аз синни 55 боло;
-маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурўҳи клиникии 4 аз рўи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхўрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил – стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурўҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
-иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
-шахсоне, ки мукофотҳои давлатӣ доранд;
-шаҳрвандони хориҷӣ.
Дар баробари ин шахсон, инчунин шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазо, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Дар қонун аз ҷазо ё адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст, ё ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шудаанд, ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истодаанд, ё шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шуда бошанд, ё ба дигар ҷазоҳои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд, низ пешниҳод гардидааст.
Дар қонун ба шахсоне, ки бори аввал ҷиноят содир намудаанд, диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои бори аввал содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо пурра озод карда мешаванд. Онҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шуда аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро адо кардаанд ё барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Одамкуши, террористи, таҷовузкори, экстремисти озод намешавад!
Инчунин, маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз муҳлати таъйингардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати онҳо то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар қонун пешбинигардида аз адои ҷазо озод карда мешаванд. Ин меъёр танҳо нисбати онҳое татбиқ намегардад, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро ба монанди ҷиноятҳои одамкушӣ (моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ), таҷовуз ба номус (моддаи 138 Кодекси ҷиноятӣ), ҷиноятҳои ба терроризм ва экстремизм алоқаманд ва дигар ҷиноятҳоро содир намудаанд.
Дар баробари озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, аз ҷазо ва адои ҷазо лоиҳа инчунин кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро низ пешбинӣ менамояд. Мутобиқи моддаи 7 лоиҳа кам кардани муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати шахсоне, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, банди 6 моддаи 3 ва моддаи 4 қарор намегиранд, ба таври зайл пешбинӣ гардидааст:
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна маҳкум гардидаанд, – аз ду як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум гардидаанд,- аз се як ҳисса;
– ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум карда шудаанд, – аз чор як ҳисса.
Мутобиқи моддаи 20 Қонун дар бораи авф мақомоти дахлдор вазифадоранд иҷрои қонуни мазкурро дар давоми 3 моҳ таъмин намуда, баъди он дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
Акнун дар баробари чунин иқдоми беназири Роҳбари давлат, шахсоне, ки ба озодӣ мебароянд, бояд шукронаи Ватани азизро ба ҷо оварда, ба қадри озодӣ бирасанд ва ҳаргиз ба роҳи бад қадам намонанд.
Акнун дил ба ёру даст ба кор, ҳама якҷоя Ватанамонро обод мекунем, фарзандонро тарбия мекунем ва ба қадри ҳаёти осоишта мерасем, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рўзафзун орзу менамоям.

Сармутахассис, ҳуқуқшиноси
дастгоҳи раиси н Хуросон Ғафуров М.М.