Ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Хуросон ва А. Ҷомӣ – ғолибони даври чоруми мусобиқаи меҳнатӣ

Хабарҳо
????????????????????????????????????

1 ноябр, даври чоруми мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд.

Тибқи арзёбии Ситоди вилоятии «Ҳосил-2019», ки рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 15 рӯзи охир ҷамъбаст намуд, барои ба андозаи беш аз 24 фоиз таъмин намудани дурнамои 15-рӯзаи пахтасупорӣ ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ сазовори ҷойи якум дониста шуд.

Ба раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва 15 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ тақдим гардид.

Ҳамин тавр, ноҳияи Хуросон сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, ба раиси ноҳия Раҳматулло Сафарзода 10 ҳазор сомонӣ мукофот ва Сипосномаи раиси вилоят тақдим гардид. Аз рӯйи ҷамъбасти даври сеюми мусобиқаи 15-рӯза низ ноҳияи Хуросон мақоми дувумро ишғол карда буд.

Ба раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод, ки дар мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза сазовори ҷойи сеюм гардид, 5 ҳазор сомонӣ ва Сипоснома дода шуд.

Ба раиси ноҳияи Носири Хусрав Даврон Нишонзода барои дурнамои ҷамъоварии ҳосили имсоларо пурра иҷро намудани кишоварзони ноҳия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тақдим шуд.

Инчунин раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода барои он ки пахтакорони ноҳия дар 15-рӯзаи чорум ба қадри 23,19 фоизи дурнамо пахта супориданд, бо Сипосномаи раиси вилоят сарфароз гардонида шуд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ дар маросими қадршиносии ғолибони мусобиқа зикр намуд, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар амалигардонии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят мавқеи хоса дорад.

— Дар мавсими имсола, бо мақсади саривақту беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидашуда ва баланд бардоштани ҳавасмандии пахтакорон мусобиқаҳои меҳнатӣ байни шаҳру ноҳияҳои пахтакор ташкил гардида, ҳар 15 рӯз давраҳои мусобиқа ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофоту сипосномаҳо қадршиносӣ гардида истодаанд, — идома дод раиси вилоят. — Маврид ба қайд аст, ки дар арафаи ҷамъбасти 15-рӯзаи чорум, пахтакорони шуҳратёри ноҳияи Носири Хусрав аз иҷрои дурнамои солона мужда расониданд, ки ин шашумин ноҳия аз вилоят мебошад. Аз ин рӯ, пахтакорони ноҳияи мазкурро ба муносибати иҷрои сарбаландонаи дурнамои истеҳсолӣ табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳо ва дастовардҳои нав таманно мекунам.

Раиси вилоят бо изҳори хушнудӣ қайд кард, ки пахтакорони сарбаланду зарофари вилояти Хатлон имсол ҳосили хуб рӯёнида, ҷамъоварии онро муташаккилона ба роҳ мондаанд. Тибқи маълумоти оморӣ, аз тарафи хоҷагиҳои пахтакори вилоят то санаи 31 октябр ба корхонаҳои пахтатозакунӣ ва нуқтаҳои қабул зиёда аз 231719 тонна пахта супорида шудааст, ки 84,2 фоизи дурнамои солонаро ташкил дода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 89468 тонна зиёд мебошад.

То имрӯз пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Дӯстӣ, Бохтар, Левакант, Шаҳритус ва Носири Хусрав аз фатҳи марра пайи ҳам муждаи зафар расонида, шаҳру ноҳияҳои Хуросон, Кӯшониён ва Қубодиён дар арафаи иҷрои дурнамо қарор доранд.

Қурбон Ҳакимзода бо такя ба таҳлилҳо афзуд, ки дар пахтазори ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳосил фаровон мебошад. Давоми давраи мусобиқаи 15 рӯзи чорум дар вилоят 48517 тонна ё баробари 17,6 фоизи дурнамо пахтасупорӣ амалӣ гашта бошад ҳам, дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус ҳамагӣ 0,3 фоиз ва Левакант 0,2 фоизи дурнамо пахта ҷамъоварӣ гашта, дар шаҳри Бохтар умуман ҷамъоварӣ нагардидааст.

— Имрӯз 1 ноябр аст, — идома дод раиси вилоят. — Эҳтимолияти пастравии ҳарорати ҳаво ва боронгарӣ зиёд гашта, ба суръати ҷамъоварӣ таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, масъулини соҳа, намояндагони вобасташудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, инчунин раисони шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз рӯзҳои мусоиду офтобӣ ҷиҳати вусъат бахшидани суръати ҷамъоварӣ ва то охирин кӯрак ҷамъоварӣ намудани ҳосили рӯёнидашуда бо истифода аз тамоми имкониятҳо чораҷӯӣ намоянд.

Қурбон Ҳакимзода аз деҳқонони асил ва чашмикордону ботадбир, чинакчиёну ҳашарчиёни фидокору матинирода даъват ба амал овард, ки фурсатро ғанимат донанд. Дастҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ризқу рӯзии бо арақи ҷабин рӯёнидашуда талаф наёбад, вориди хирман шаваду файзи он насиби рӯзгору дастурхони ҳар як сокини диёр гардад.