Ҳамватанони азиз!
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нощияи Хуросон ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди ноҳияро бо рўйдоди басо муҳиму таърихӣ ва фараҳбахш – таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсия, ки барои мардуми кишварамон санади сарнавиштсоз аст, табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рўзгорро таманно менамоям.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Бисту панҷ сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид ва мо ин рўзи воқеан таърихиро ҳар сол бо доир намудани силсилаи чорабиниҳои сазовори ин санади тақдирсоз таҷлил мекунем. Дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги таҳмилии ба сари мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ омада, наметавонад пеши роҳи бунёдкориву созандагӣ, адолатпешагиву росткорӣ, эъмори давлати муосири миллӣ будани сокинони сулҳдўсти кишвари моро бигирад.
Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст».
Талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту рушди он аст.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рўйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид.
Таҳти роҳбарияти олии кишвар мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву устувории давлату миллат таъмин гардидааст.
Бинобар ин, кулли мардуми шарафманду сарбаланди ноҳияро ба ифтихори Рўзи Конститутсия, ки он китоби бахт маҳсуб меёбад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам.
Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи миллати мо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навин бошад!
Саломату сарбаланд бошед!