Gallup Тоҷикистонро кишвари амн номид, аммо на ҳама розиянд

Хабарҳо

Маркази назарсанҷии “Gallup” Тоҷикистонро дар қатори 12 кишвари амни ҷаҳон ҷой додааст, ки “сокинонаш ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд”. Расонаҳои давлатии Тоҷикистон аз ин хулоса пуштибонӣ ва хабари онро дарҳол нашр карданд. Баъзе аз коршиносон мегӯянд, натиҷаи назарсанҷӣ ба маъное нест, ки Тоҷикистон пурра ба як кишвари амну бехатар табдил ёфтааст.
Гузориши нави “Геллап” дар оғози моҳи ноябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.

Сингапур бо 97 хол, Тоҷикистон бо 94 ва Имороти Муттаҳидаи Араб бо 93 хол дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, аз 1000 сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи “Геллап”, сокинон гуфтаанд, ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.
Ин назарсанҷӣ дар ҳоле нашр шуд, ки баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Амрикову Бритониё аз шаҳрвандони худ хостаанд, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон худдорӣ кунанд, то аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ эмин бошанд. Тоҷикистон дар як соли ахир шоҳиди дастикам чаҳор ҳодисаи террористӣ, аз ҷумла ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ошӯб дар ду зиндон ва ҳамла ба дидбонгоҳи марзӣ буд, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт.
Мақомоти Тоҷикистон хатари терроризму ифротгароиро дар кишвар рад намекунанд, аммо ҳамвора гуфтаанд, ки барои муқобила бо он ҷиддан омода ҳастанд. Онҳо мегӯянд, соли 2018-ум беш аз 1,1 миллион нафар ба Тоҷикистон омадаанд ва баёнгари амният дар кишвар аст.
Тоҷикистон бо беш аз 110 кишвар низоми соддашудаи дарёфти визаро ба роҳ мондааст ва бо 10 кишвари дигар низоми раводид надорад.
Амиршоҳ, сокини Душанбе, ҳар гоҳ барои тиҷорати молу коло ба Афғонистон мерафт ва то замони анҷоми сафар ба қавли худаш “ҷонро дар каф мегирифт”. Баъди он ки аз тири дайдуе дар он кишвар захмӣ шуд, қарор кард, дигар наравад.
Ҳоло молу колояшро то ба марз мебарад ва онро ба шариконаш месупораду бармегардад. “Вазъ дар Афғонистон хеле хатарнок аст. Шабона барои аз хона баромадан метарсед, то фоҷиае рух надиҳад. Агар дар Тоҷикистон шабона дар рӯйи роҳ хоб кунед, касе намепурсад”, — гуфт ӯ.
Одатан дар пойтахт ва шаҳрҳои асосии Тоҷикистон сокинон шабона барои сайругашт бо аҳли оилаву дӯстон ба боғҳо мераванд. Ҳарчанд мақомот аз дуздӣ ва занозании ҷавонон дар шаҳрҳо суҳбат мекунанд, онро оммавӣ ва маъмулӣ намедонанд.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи илмҳои Тоҷикистон, мегӯяд, аз соли 2015 ба ин тараф “равандҳои таъсиргузор ба амният дар ҷомеа то ҷое суст шудааст”.
“Ҳатто дар деҳаҳои дурдасттарин сокинон шабона бе тарс гаштугузор мекунанд. Аксар донишҷӯёну унвонҷуёни хориҷие, ки нияти омӯзиши забони форсиро доранд, ба Тоҷикистон меоянд. Ин интихоб пеш аз ҳама ба амн будани кишвар рабт дорад”, — афзуд ӯ.
Истиқболи ин масъули ниҳоди давлатӣ аз натиҷаи пажуҳиши “Геллап” дар ҳолест, ки дар гузашта борҳо чунин назарсанҷиҳо мавриди интиқоди шадиди мақомот қарор гирифта ва ғаразмандона тавсиф мешуданд. Ниёзӣ гуфт, “назарсанҷиҳо метавонанд, шаффоф ё ғаразмандона бошанд, вале ҳеч як созмоне пажуҳиши худро бе ҳадаф анҷом намедиҳад”.
Музаффар Олимов, раиси созмони “Шарқ”, гуфт, набояд ба натиҷаи пажуҳиши “Геллап”, ки яке аз марказҳои маъруфи ҷаҳонӣ аст, шубҳа кард. Вале, ба бовари ӯ, набояд хушбин будани мардуми тоҷикро низ сарфи назар намуд.
“Ҳатто дар ҳолати ба мушкили пайдо кардани як пора нон шукр мегузоранд. Агар дар паҳлӯяшон нишаста, амиқтар пурсед, баъд мегӯянд, ки бекор ҳастанд ва ё маошу нафақаи кам мегиранд. Дар умум аксаран мегӯянд, ки ҳама чиз хуб аст”, — шарҳ дод ӯ.
Дар оғози имсол маҷаллаи бритониёии Global Finance низ дар як раддабандӣ Тоҷикистонро баъди Қазоқистон кишвари амни Осиёи Марказӣ дониста буд. Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон аз нигоҳи таҳдидҳои амниятӣ ва хатарҳои табиӣ дар ҷойи 68-ум аст, ки дар муқоиса ба соли гузашта шаш зина беҳтар аст. Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Қирғизистону Узбекистон ва Туркманистон дар зинаҳои поинтар омадаанд.