Рўзҳои 17 майи соли 2019 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе намояндагони беш аз 50 кишвари олам, коршиносону таҳлилгарони 37 созмони минтақавию байналмилалӣ роҳу шеваҳои муосири мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухадирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби имрўза буда, хатару таҳдиду он ба амнияту суботи давлатҳо афзун гардидааст.
Дини мубини ислом мардумро ба сўи ахлоқи некў ва ҳамида роҳнамоӣ мекунад. Тибқи нишондоди он дили касеро хушнуд сохтан аз амалҳои волотарин дониста шудааст.
Айни замон дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва андешаҳои бардуруғро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд.
Ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта ба ҷомеи ҷаҳонӣ таҳдид ва хавфу хатари зиёд доранд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба масъалаҳои экстремизм ва терроризм диққати ҷиддӣ дода, чунин таъкид намуданд:
«Имрўз ҳамаи шумо огоҳед, ки соли сипаришуда ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рўйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд.
Сар задани алангаи нави мухолифату низоъҳо дар Шарқи наздик ва минтақаҳои дигари дунё, густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, шиддат гирифтани проблемаҳои экологӣ ва хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳмияти масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти Экстремизм ва терроризм ба ҳеҷ дин иртибот надорад, аз ҷумла ба дини мубини ислом».
Худои бузург ҳаргиз ба куштани нафсе амр накардааст. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор ҳаром аст, талаву тороҷи моли мардум ҳаром аст, ғулом кардани зану фарзанди одамизод ҳаром аст.
Исломгароён ва террористон қоидаеро ихтироъ кардаанд, ки мусулмононро бо камтарин ҷурм кофир ва мулҳид эълон мекунанд, сипас қатлу ғоратро алайҳи онҳо раво медонанд.
Қобили таҳсин аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ягона шахсест, ки дини Ислом ва мусулмононро аз терроризму экстремизм орӣ ва дифоъ намуда, ин масъаларо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид матраҳ намудаанд.
Аз баррасии масъалаҳои экстремизм ва терроризм дар баромадҳои Президенти мамлакат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ ҳамагонро ба ташвиш оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишвари мо низ хатар дошта бошад.
Бинобар ин ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як мусулмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремист, ки номи поки исломро олуда мекунад, бетараф набошад.
Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу суботи мавҷуда насиби мо гаштааст. Аз ин рў, мо бояд шукрона намуда, дар татбиқ ва амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат бандем, ҳама чун як тан дар ободонӣ ва пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Маҳз ваҳдати миллӣ ва оромиву амнияти давлатӣ имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои созмонҳои гуногуни умумиҷаҳонӣ буда, давлати мо ҳамчун таҷассумгари сулҳу ваҳдат муаррифӣ гардад.
Аз ин рў, моро зарур аст, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, дастуру ҳидоятҳои ўро ба ҷону дил қабул намоем ва дар татбиқи стратегияи давлатӣ саҳмгузор бошем. Зеро маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар тавонист халқи тоҷикро муттаҳид намуда, моро ба қуллаи мурод расонад.
Корманди мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлати ноҳияи
Хуросон Гулов К.А.