Терроризм – вабои аср

Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад.
Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад.
Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.
Террористон тавонистанд бо ғасби якчанд ҳавопаймо кирдореро анҷом диҳанд, ки дар таърих аз мудҳиштарин амали террористӣ ба ҳисоб меравад.
Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд. Таассуфовар аст, ки дар Покистон, Афғонистон, Ироқ, Сурия ва як қатор давлатҳои дигар, ки нобаробариҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва зиддияти мазҳабӣ зиёд авҷ гирифтаанд, гурӯҳҳои иртиҷоӣ бо истифода аз вазъи ба амаломада ҳадафҳои душманонаи худро алайҳи мардуми бегуноҳ анҷом медиҳанд.
Содир намудани акти террористӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва маконе, ки издиҳоми мардум бештар ҷамъ меоянд, дар ин кишварҳо як амали маъмулӣ гардидааст.
Рахт бастани ҳиссиёти раҳму шафқат аз вуҷуди ашхоси бадсиришту беимон, аз фарҳангу маърифат ва муқаддасоту арзишҳои олии инсонӣ бехабар боиси содир намудани сангинтарин амалу кирдорҳои разилона гардида, ҳуқуқи одамонро ба зиндагии осоишта маҳрум месозад. Дидани чеҳраҳои кӯдакони ятиму зор, занони аз шавҳар маҳрумгашта ва ҷавонони дар айни камолот ҷонбохта хеле риққатовару маҳзункунанда аст, ки дар натиҷаи амалҳои касифонаи гурӯҳҳои худхоҳу ҷоҳталаб рӯзи рӯшанро барои онҳо тира намудааст. Ба дунё омадани инсонҳо барои зистану аз ҳаёт баҳра гирифтан ва зиндагии шоистаро ба сар бурдан аст ва касе ҳуқуқ надорад ҳаётро аз онҳо рабояд, ба ҷуз офаридагор.
Имрӯз бераҳмию ваҳшонияти гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки амалу кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст, наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд, миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо, мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона, кӯчаву хиёбон роҳ ёфта, ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст. Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ бо мақсади ҳарчи бештар расонидани хисороти моливу ҷонӣ ва бемамониат ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро кашфу ихтироъ мекунанд.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳо, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳо аст. Имрӯз ҳазорҳо нафар мардуми кишварҳои ҷангзада ба умеди амният ва осудагӣ роҳ ҷониби кишварҳои Аврупо мегиранд ва он ҷо низ онҳоро мушкилоти зиёде пеш меояд. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст

«Ховар»/. Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ мебошад, шомил карда шудааст. Дар ин бора сиёсатшинос, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин НАЗАР дар мақолаи худ, ки дар сомонаи «ЦентрАзия» нашр шудааст, иброз медорад.
Дар зер матни пурраи мақолаи ӯро пешкаши хонандагон мегардонем.
Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб нисфи аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.) манъ аст, шомил карда шудааст (http://ecrats.org/ru/news/6910). Маҳз роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати ягонаи шахсони кофтуковшавандаи алоқаманд ба фаъолиятҳои террористию экстремистӣ шомил карда шудаанд.

Ҳамин тавр, дар СМЗТ СҲШ Феҳрасти ягонаи кофтуковӣ таъсис дода шудааст, ки он мунтазам таҷдид мегардад, беш аз 6600 нафар ба чунин категория, аз ҷумла аъзои ТТЭ ҲНИ шомил карда шудаанд. Рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ манъ карда шудааст, ворид карда мешавад. Дар рӯйхат 115 ташкилот, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ мавҷуданд. Бо назардошти аҳамияти махсуси таҳдидҳое, ки ҷангҷӯён-террористони хориҷӣ, ки дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ иштирок мекунанд, Ҷадвали баҳисобгирӣ таҳия шудааст, ки дар он маълумот дар бораи беш аз 4500 нафар, аз ҷумла аъзои ТТЭ ҲНИ, ки барои ДИИШ ҷангидаанд, таҳия шудааст.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегиранд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шўрои Аврупо (CODEXTER), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии дароматҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдавия, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи созмони террористӣ эътироф намудани СПИИ-и Эрон, ки ҳамоҳангсози ТТЭ ҲНИ, «Ҳизбуллоҳ», «ҲАМОС», «Ал-Собирин» ва «Гурӯҳи ранҷдиҳандаи Ал-Ақсо» мебошад, баррасӣ мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар Қоҳира дар Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» доир шуд, шабоҳати наздики таърихию идеологии созмонҳои зикршуда, ҳамгироӣ ва умумияти онҳо кӯшиши нооором сохтани субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, инчунин исбот шудани дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз кишварҳои исломӣ таъкид шуд.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии ПҲ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тотористон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ-ро гаравгон гирифта,  куштанд.

ТТЭ ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд,   ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркуши панҷсола зиёда  аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монданд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин талафот, ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30% аъзои ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳизби мазкур пайваста  дар фикри забт кардани қудрат буд ва барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, аз манфиатҳои худ ҳимоя мекард. Ҳамзамон аъзои фаъоли он дар Душанбе, Рашт, Хоруғ ва Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом  медоданд.

Моҳи марти соли 2015 дар  ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИ  М.Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа ба даст омад. Бояд зикр намуд, ки  хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ  маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату  роҳбарии бевоситаи Раиси  ҲНИ  М. Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардида,  ба  А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд. Ба хотири  ҳарчи зудтар омода  намудани  исёни мусаллаҳона ва  забт кардани қудрат ҲНИ аз чизе рӯй намегардонд.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ кашф ва мусодира гардид. 38 террорист бо роҳбарии А.Назарзода нобуд карда  шуда, 161 узви ҲНИ  ва шарикони онҳо дастгир  гардиданд. Миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ  чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 боз ҳам ҲНИ кӯшишҳои барабасе дорад. Барои амалӣ  кардани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар аъзои ин ҳизби мамнуъ дар  Афғонистон таълими махсуси ҷангӣ меомӯзанд. Ҳамзамон қаноти низомии ҲНИ – «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ он ҷо ҷойгузин аст. Аъзои ҳизби мазкур ният доранд, ки зери парчами ташкилотҳои дигари  байналмилалии террористӣ, аз ҷумла ДИИШ тариқи Афғонистон ба хоки  Тоҷикистон ворид шаванд.

Айни замон ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш  дар се самт амал доранд: пеш аз ҳама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким медиҳанд, дар васоити ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунанд ва ба   террористону  тахрибкорон таълими ҷангӣ  меомӯзанд.

Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ ва Аврупо фирор карданд. Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ  ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва  маблағгузорӣ менамоянд.

Қаламрави мамлакатҳои будубоши онҳо ба сифати минбари ташвиқот ва майдони ҷанги иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ  беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳои ҳангуфт барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизб истифода мешуданд.

Ҳамин тавр, бо мақсади таблиғот алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи телевизионии «Садои Мардум» таъсис дода шуд, ки маблағгузории умумии он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Инчунин сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳо созмон дода шуданд, ки  мундариҷаи  маводи онҳо сирф  экстремистӣ  аст. Аз ин рӯ, Суди Олии Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ оид ба баста шудани 40 сомонаи интернетии экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Аз ҷумла, сайтҳои  марбут ба ҲНИ, ки мубаллиғи  идеологияи террористии он буданд:  Nahzat.org, Vostoknews.org, Kimya Saadat, Isloh.net, Ozodandishon.org, Zindoniyon. com, Payom.net. ва ғайраҳо. Саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеоҳояшон дар порталҳои видеоӣ масдуд карда шуданд.

Барои пинҳон  намудани ақидаҳои ҷиноии онҳо, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун «пардаи дунявӣ» Иттиҳоди Миллӣ таъсис дод, ки фаъолияти он низ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Як қатор мавод дар васоити ахбори омма ба нашр расида, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони ҷиноятҳои ҲНИ суҳбат мекунанд. Онҳо амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд. («Решаҳои ноаён», «Ҳамлаи террористӣ – 1996», «Садоқати разолатпӯш» (Фитнаи тахайюлӣ), «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ- узви фаъоли ҲНИ», «Бозгашт аз дӯзах» ва ғайра) тасдиқи ин гуфтаҳоянд.

Фаъолияти ҷиноии  ҲНИ-ро Директори ММЗТ СҲШ Ғиёсов Д.Ф. дар баромади худ зимни ҷаласаи XVIII роҳбарони хадамоти махсус, мақомоти амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки моҳи октябр дар Сочи баргузор гардид, ба таври возеҳ баён намуд. Ин роҳбари созмони бонуфузи байналмилалӣ дар бораи шиддат ёфтани зуҳуроти террористӣ, пайдоиши муноқишаҳои доимии мусаллаҳона дар минтақаҳои сайёра сухан ронда, зикр кард: «Дар қатори дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби  ҷавононро  ба сафи худ идома медиҳад, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад». Имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ, боз  дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, чун ҲНИ мавҷуданд, ки ҳадафи асосии ҳамлаи  онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Яке аз онҳо Ҷамоати Ансоруллоҳ аст, ки дар музофоти шимолии Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки  дар ҷалб намудан ва интиқоли ҷангиёнаш ба қаламрави кишварҳои алоҳидаи СҲШ собиқаи беандоза дорад.  Дар ин ҷанба, ҲНИ ба амнияти умум таҳдид мекунад, зеро он бо созмонҳои байналмилалии террористӣ робитаи зич дорад. Ҳадафи асосии он  тавсеа ва густариши  терроризм аз Афғонистон ба Тоҷикистон,  кишварҳои минтақа ва берун аз он  аст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътирофи қатъии  ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ-экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метезонад. Ҳамзамон ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту  субот дар минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад  буд. Муҳим аз ҳама, ин ба эҷоди як шабакаи васеи зиддитеррористӣ мусоидат мекунад. Дар он меъёрҳои дугона, аз қабили тақсимоти террористон ба «бад» ва «хуб»  вуҷуд нахоҳанд дошт. Ин  қадами ҷиддиест  барои таҳкими сулҳ, ки дар пойдории субот, амнияти ҷудонопазир ва эҳтироми тарафайн асос меёбад.

Назар МУМИН АБДУҶАЛОЛ,
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи А.Баҳоваддинов,
номзади илми фалсафа

ТАСДИҚИ РАМЗИ «СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛҲОИ 2019-2021

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Гирдогирди рамзро се хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, ду хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст.
Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз – кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.
Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд.

ТАСДИҚИ РАМЗИ “30 -СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд.

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.

Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» васеъ истифода баранд.