Инсоният дар симои терористи байналмилалӣ бо душмани бе раҳму шафқат ва макоре рӯ ба рӯ омадааст.

Хабарҳо

Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон, шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон вохўрии навбатӣ бо омўзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020», инчунин баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон, маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти шаҳрдорӣ, тарғиби либоспўшии миллӣ, саҳм гузоштани ҷавонон ба корҳои ободониву бунёдкорӣ баргузор гардид.

Дар маърўзаҳо таъкид шуд, ки дарки нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе гурўҳҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон аз пайи ҳавою ҳавас ба амалҳои ношоиста даст зада, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида шуданд.

Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, амалҳои даҳшатноки террористие, ки солҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрўзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.

Инсоният дар симои террористи байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад.

Имрӯз созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.

Аз ин рў, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурўҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандўсту озодихоҳ мебошад.

Инчунин, доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии ҳолатҳои даст задани шаҳрвандон ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маърўзаҳо карда шуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, маърифати ҳуқуқии худро баланд бардоранд.