Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ.

Хабарҳо

Бояд қайд намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси вакилони намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 муайян гардидааст. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ ташкил ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аз 12 декабри соли 2019 қабул гардида, Комиссияи интихоботии шаҳрӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шудааст.
Барои фаъолияти кории минбаъдаи Комиссия мазкур дар бинои Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Хуросон утоқҳои корӣ бо таҷҳизотҳои зурурӣ, аз ҷумла, компютер, принтер, хати телефон, мизу курсӣ ва интернети бемаҳдуд муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки Комиссия шуруъ аз 13 декабри соли 2019 инҷониб тибқи нақшаи тақвимии Комиссияи маркази интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мунтазам ба роҳ мондааст. Тибқи талаботи қонунгузорӣ дар рӯзномаи «Хуросон» санаи 18 декабри соли 2019 №25-26 (891) ва сомонаи расмии мақомот интишори расмии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ», қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон аз 06 январи соли 2020, «Дар бораи ташкил намудани Комиссияи ноҳиявии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон» ҳайати Комиссияи интихобот, инчунин қарори Комиссияи шаҳрии интихобот «Оид ба ташкили ҳавзаҳои интихоботӣ дар қаламрави ноҳия доир ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон», қарорҳои Комиссияи интихоботии ноҳияи Хуросон «Оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон», «Дар бораи ташкил кардани комиссияи ҳавзавии интихобот» аз 27 декабри соли 2019, «Дар бораи ташкил намудани участкаҳои интихобот» аз 31 декабри соли 2019, «Дар бораи ташкил кардани Комиссия участкавии интихобот оид ба интиботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон» аз 15 январи соли 2020, мавриди интишори расмӣ қарор дода шудаанд.
Дар асоси талаботи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ» дар қаламрави ноҳияи Хуросон 33 участка, 35 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон муайян ва тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон бо пешниҳоди раиси ноҳияи Хуросон аз 29 декабри соли 2019, «Дар бораи ташкили участкаҳои интихоботи оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии А. Ҷомӣ № 28 ба Комиссияи ҳавзавӣ аз участкаи №36 то №68 (33 ҳудуди участка)- и интихоботии қаламрави ноҳияи Хуросон пешниҳод карда шуд. Инчунин, ба Комиссияи ҳавзавии мазкур аз 15 январи соли 2020, ҳайати Комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва тасдиқ гардид. Комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихобти Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқ ва ҳавзавии интихобот дар асоси нақшаи тақвимӣ ва тавсияҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳудудҳои ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ шиору навиштаҷотҳоро насб намудаанд. Тамоми участкаҳои интихоботии қаламрави ноҳияи Хуросон аз ҷониби Комиссияи шаҳрии мазкур бо шиору овезаҳои интихоботӣ, дастурҳои методӣ, маводҳои конселярӣ ва лавозимотҳои лозима оид ба омода намудани участкаҳои интихобот пурра таъмин мебошанд.
Рафти омодагиҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 170 Комиссияи ҳавзавӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот таъсис дода шуда, тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» фаъолияташонро ба роҳ мондаанд.
Дар маҷмӯъ:
–Участкаҳои интихоботӣ – 33 адад.
-Ҳавзаҳои интихоботӣ – 35 адад.
-Ҳавзаҳои интихоботии ҷамоатҳо – 170 адад.
-Участкаҳои интихоботии якмандатии А.Ҷомӣ № 28 дар ноҳияи Хуросон аз №36 то №68
Шумораи эҳтимолии овоздиҳандагон дар ноҳияи Хуросон 64622 – нафарро ташкил медиҳад:
-занон – 30757 нафар;
-мардон – 33865 нафар;
-аз он ҷумла-ҷавонон – 27857 нафар;
-якум маротиба овоздиҳандагон – 3433 нафар;
-маъюбон, беморон шумораи умумӣ – 1541 нафар: аз он ҷумла, гуруҳи як –196, гуруҳи ду – 925, гуруҳи се – 420 нафар;

                                                                                                  Дафтари матбуоти  ноҳияи Хуросон