Барои мо ҷавонони кишвар ифтихори бузург аст, ки имрўз ҳамқадамони мо имконият доранд то дар ҳамаи ҷабҳаҳои рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани як нафар ҷавони Рустамсимо ва сиёсатдор Рустами Эмомалӣ боиси хушии тамоми ҷавонон гардид ва ҳамагон онро хубу хуш пазируфтанд.
Рустами Эмомалӣ зодаи Хатлонзамин буда, фарзанд ва шогирди сазовори мактаби сиёсии родмарди Ватан–Пешвои миллат мебошад, ки мо ҷавононро беш аз пеш ба ояндаи неку дурахшони мамлакат, рушди устувору босубот, таъмини зиндагии шоиста дилгарм мекунад.
Ободию шукуфоии пойтахти тоҷикон–Душанбеи азиз худ таҷассумгари он аст, ки ҳанўз дар шарёни шахсияте чун Рустам ҳуввияту маданияти тоҷикона ҷўш мезанад, ҳанўз ў тавонистааст маданияту суннатҳои шаҳрсозии шарқиёнаро ҳифз намояд ва дар омезиш бо дизайни роиҷ дар ѓарб пойтахти тоҷиконро ба яке аз зеботарин шаҳрҳои рўйи олам табдил диҳад.
Ҳамин корбарии муваффақонаи шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ буд, ки Душанбе аз ҷониби хабаргузориҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ҳамчун шаҳри «барои сафари тирамоҳӣ ҷолибтарин», «барои сафари баҳорӣ ҷолибтарин», дар ҷаҳон «яке аз шаҳрҳои амнтарин» эътироф гардида, соли 2018 ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфта шуд.
Ҳолномаи Рустами Эмомалӣ бозгўи он аст, ки аъзои Маҷлиси миллӣ дар интихоби Раис саҳв накардаанд.
Шаҳрдори ҷавони Душанбе ҳоло 32-сол дорад ва аз он 21-солаш дар мактаб, Донишгоҳи миллӣ, Академияи хизмати давлатии назди Президенти Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистон таҳсил кардааст. Ихтисосаш иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ буда, дар баробари забони модарӣ, се забони хориҷӣ–русӣ, англисӣ ва олмониро медонад. Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, рутбаи тахассусияш мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти меҳнатии ў солҳои 2006-2009 аз вазифаи сармутахассиси шўъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз шуда, баъдтар дар як қатор мансабҳои масъул идома ёфтааст.
Ў солҳои 2009-2011 дар вазифаҳои сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2013 муовин ва солҳои 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо карупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият кардаасту аз моҳи январи соли 2017 раиси шаҳри Душанбе мебошад.
Сокинони вилояти Хатлон итминон доранд, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун чеҳраи тобноки олами сиёсат, пайрави ҳақиқии Пешвои муаззами миллат минбаъд низ бо ѓояҳои инсонпарварӣ, татбиқи муваффақонаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, бо хизмати содиқона ба Ватан дар инкишофи тамаддуни миллати тоҷик ва рушди Тоҷикистони азиз саҳми сазовор мегузорад ва дар ҳақиқат намунаи ибрати тамоми ҷавонон мегардад.
Ҷавонони Тоҷикистон аз ҳамсоли худ ифтихор менамоянд, барояш саломатӣ, сарбаландӣ ва ба Ватани худ тинҷию амонӣ таманно менамоянд.
Ҷавонони Тоҷикистони биҳишттосо – Ба пеш!
Узви ТҶҶ «Созандагони Ватан»
ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон,
мухбири рузномаи «Хуросон» Абдуллоева Солиямоҳ