ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ МИҲД-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО БАРОДАРШАҲРҲО АЗ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ


Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо бародаршаҳрҳо ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус – COVID-19 аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба шаҳри Душанбе, ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шенсии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 ба шаҳри Душанбе омаданд.

Бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу тадбирҳои муҳиму саривақтии Раиси шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 5 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), Ҳукумати мардумии музофоти Шенсӣ бошад, 10 адад дастгоҳи нафасгирии сунъӣ (ИВЛ), 2400 баста либоси муҳофизатии яккарата, 9500 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 45000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 45000 дона бахил ва аз ҷониби Комиссияи ҳамҷаворӣ ва дӯстии Созмони ҳамкориҳои Шанхайи Ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷаи музофоти Шенсӣ зиёда аз 3000 Реагенти кислотаи нукелин барои муайянсозии сирояти коронавирус кумак намуданд.

Ҳаҷми кумак, дар маҷмуъ, маблағи беш аз 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти тибии дастрасшуда, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 таъинот доранд, ҳамчунин барои муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус пешбинӣ шудаанд, ба муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар шаҳри Душанбе супорида шуд.

МИЛЛАТКУШУ ТАМАДДУНСӮЗОН. Миллати аз дасти ин гурӯҳи хунхор азияткашидаи тоҷик аниқ медонанд, ки онҳо кистанд ва ҳадафашон чист

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Мардуми Тоҷикистон қариб  чор моҳ тавонистанд аз ин  беморӣ эмин зиндагии осоишта ба сар баранд ва охирҳои моҳи апрел нахустин мубталоён бо нишонаҳои ин беморӣ баъди ташхиси дақиқ дар муассисаҳои тибби Тоҷикистон бистарӣ гардиданду табибон пайи табобат шуданд. Continue Reading

УБИЙЦЫ НАЦИИ И ЦИВИЛИЗАЦИИ. Таджикский народ, пострадавший от этих кровавых групп, точно знает, кто они такие и каковы их истинные цели

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. «Народ Таджикистана почти четыре месяца смог прожить в безопасности, но в конце апреля были выявлены  первые больные с симптомами COVID-19, которые госпитализированы после точной диагностики в медицинских учреждениях Таджикистана, и медики незамедлительно приступили к их лечению. Continue Reading

Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ дар Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд

22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, Continue Reading

ФИДОКОРИҲОИ ТАБИБОНИ ТОҶИК

Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масъалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифоъи Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин, ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Continue Reading

ОГОҲ БОШЕД: АЛОҚА БО «АXБОP.КОМ» ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТИРО ДАР ПАЙ ДОРАД!

Вақтҳои охир журналисти каҷтинат ва ҳувиятбохта – Мирзои Салимпур фаъолияти сомонаи «Аxбоp.ком»-и худро роҳандозӣ карда, онро ба манбаи аслии паҳн намудани ақидаҳои ифротӣ ва зиддимиллӣ табдил додааст. Continue Reading

БИЁ ТО ДАСТИ ҲАМ ГИРЕМ!

Ҳар куҷое бошем, ба ёди Ватан бошем,

БИЁ ТО ДАСТИ ҲАМ ГИРЕМ!

Паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъалаи доғест, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Мутаассифона, ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ҷони садҳо ҳамватанонамонро ба хатар гузоштааст. Continue Reading

ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС

Ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ – бадбахтии саросарии олам-коронавирус.

Бузургтарин қудратҳои ҷаҳонӣ натавонистанд, аз он раҳоӣ ёбанд. Давлати қудратманде, ки даъвои кадхудоии дунёро дошт, ё кишваре, ки сесад сол Ҳиндустони бузургро таги чанголи оҳанин гирифта буд, мамлакате, ки роҳро ба сӯйи қитъаи Амрико кушода буд ва дигар кишварҳои бою сарватманд миллионҳо бемор ба бор оварданд. Даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони онҳо ҷонҳои худро бар асари ин сироят бохтанд. Continue Reading

«У 85 ПРОЦЕНТОВ ИНФИЦИРОВАННЫХ ЛЮДЕЙ COVID-19 ПРОХОДИТ БЕЗ ЛЕЧЕНИЯ». Беседа американского врача иранского происхождения с телеканалом «Джахоннамо» Таджикистана

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /НИАТ «Ховар»/. 5 мая в программе «Робита» («Связь») на ТВ «Джахоннамо» руководитель Международного института здоровья и обследования США в Нью-Йорке, доктор Ораш Алои на простом и доступном языке провел онлайн-беседу с журналистом Мусо Абдусаттором в связи с Continue Reading