БО ЧУНИН ҶАВОНИ ДИЁР ИФТИХОР ДОРЕМ!

Хабарҳо

Таърих бозгуи ҳақиқат аст. Наздики 30-соли Истиқлолияти Тоҷикистон гувоҳи аз он медиҳад, ки кишвари мо рўз то рўз тарақи карда истода дар ҷомеаи ҷаҳони нуфузу эътибораш баланд мегардад. Имрўз мо ифтихор аз он мекунем, ки Тоҷикистони моро дар тамоми дунё ҳамчун кишвари демократии, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд. Ин ҳама самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
– Оре, сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрўз кишвари мо аз як кишвари ҷангзадаву ақибмонда ба як мамлакати рў ба тарақи мубаддал гаштааст. Иқдомҳои наҷиби ин абармарди сиёсат, хело ва хело зиёданд, ки яке аз онҳо дастгири ҷавонон ва такя ба неруи созандагии онҳост.
Бахусус дастгириҳои Президенти кишвар аз ҷавонон боиси он гардид, ки ҷавонон руҳў илҳоми тоза гирифта, барои корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ камари ҳиммат баста дар пешрафту тарақиёти кишвар саҳми намоён доранд. Имрўз ҷавонони мо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият намуда, ҳамчун ҷавонони ватандўст, худшиносу хештаншинос, зираку ҳушёр, бомаърифату соҳибилм, тавонову ҷасур парчами Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи кишвар баланд мебардоранд.
Ҷавобан насли ҷавон ба ѓамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, чунин шиорро сармашқи кори худ қабул намудаанд: «Бо Пешвои миллатем». Ин аз он дарак медиҳад, ки ояндаи Тоҷикистони азизи мо дурахшон аст ва мо такя ба насли боэътимоди ҷавонони кишвар мекунем.
Намунаи беҳтарини ин бовариро мо дар симои Рустами Эмомалӣ мебинем. Ў яке аз он ҷавононест, ки дар рўҳияи ватандўстию миллатдўсти, садоқату ҷасорат ба халқу ватан қадам ба арсаи сиёсат ниҳод. Аз нахустин рўзҳои фаъолияти кориаш сар карда дар ниҳоди ў ҷасорату матонат, миллатдўстию меҳанпарастӣ, ҷонфидоиву устуворӣ ва фурутаниву хоксорӣ дида мешавад. Ин сифатҳои баланди инсони буд, ки аз рўзи ба вазифаи раиси шаҳри Душанбе таъин шуданаш, пойтахти кишвар симои худро кулан дигар кард. Имрўз шаҳри Душанбе–пойтахти давлати Тоҷикистон, яке аз шаҳрҳои зеботарин ва амнтарини дунё қабул карда шуд. Сохтмони манзилҳои бисёрошёна, муассисаву корхонаҳо, боѓу хиёбонҳо, роҳҳову гулгаштҳо шаҳри Душанберо ба як шаҳри афсонавӣ монанд кардааст.
Инак соли 2020, солее ки маъракаҳои муҳими сиёсӣ аз ҷумла, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуд.
Имсол дар ҳаёти ин ҷавони сиёсатмадор, ки таҷрибаи кофии фаъолияти роҳбари дорад, саҳифаи наве кушода шуд. Дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Чун аз минбари баланди Иҷлосия ба Рустами Эмомалӣ сухан доданд, бо як салобати ба худ хос, ҳамчун як ҷавони сиёсатмадор ва дар навбати худ фурутану хоксор дар назди Президенти кишвар, аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қасам ёд кард, ки тамоми неру, донишу малака ва кушишу ѓайрати худро барои ояндаи Ватани азизам Тоҷикистон равона месозам.
Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо чунин ҷавонони шоистаи диёр ифтихор дорем. Бовари дорем, ки Рустами Эмомалӣ–фарзанди фарзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мисли падари худ барои Ватан ҷони худро фидо месозад ва дар пойдории сулҳу Ваҳдат, оромию амният, пешрафту тарақиёти давлат, бунёдкориву созандаги ва ҳифзи истиқлолияти миллии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузорад.

Вакили Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Хуросон Сайфуллоева Гулчеҳра