НИГОҲИ ПУРМЕҲРАШ АЗ ОЯНДАСОЗ БУДАНИ Ў ДАРАК МЕДИҲАД!

Хабарҳо

Ҷавони ҷасуру сарбаланди тоҷик бо нерўи созандаи хеш тавонистанд дар пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро гузоранд ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар вазифаҳои роҳбарикунанда сафи ҷавонони кордону забондон зиёд гардидааст, ки ин боиси ифтихор аст.
Кадрҳои ҷавон бо донишу матонати худ метавонанд дунёи дигареро ба вуҷуд оваранд, метавонанд бо андеша ва фаъолияти худ атрофиёнро дар ҳайрат гузоранд.
Аз он ҷумла раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти пурсамараш тавонист пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе-ро ба як шаҳри зебо, афсонавӣ ва биҳишти табдил диҳад, ки он ҷои тамошои ҳам ҳориҷиёну ва ҳам ҳамватанон гардидааст.
Имрўз бо ташаббус ва дастгириҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони азизамон фахри миллати тоҷик гардидааст.
Чунин роҳбарони ҷавони ободкор, ватандўсту ватанпарвар шоистаи роҳбарист.
Тоза ба раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси дастгирӣ ва рўҳбаландии ҳар яки мост, чунки ў метавонад ҳамчун ҷавони босавод, ҷасуру боѓайрат дигаргуниҳоеро барои зиндагии арзандаи халқ дар самти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.

Бо камоли эҳтиром;

Раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Раҳмон Саидзода