ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ХУРОСОН

Хабарҳо

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз бо мақсади аёдати собиқадорони меҳнат, шиносоӣ бо корҳоӣ саҳроӣ, қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Хуросон сафари корӣ анҷом доданд.

Нахуст, раиси вилоят барои дидор бо собиқадори меҳнат Фотима Ғафурова, ки 42 сол омӯзгорӣ карда, алъон бознишаста мебошад, ба деҳаи Хуросони Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айни омадаанд.

Аълочии маорифи Тоҷикистон Фотима Ғафурова аз соли 1968 то соли 2010 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 буд”, – омадааст дар хабарнома.
Омӯзгори собиқадор зимни суҳбат бо Қурбон Ҳакимзода барои ғамхории пайваста ба соҳаи илму маориф ба президент сипос намуда, фаъолияти кории раиси вилоятро намунаи ибрат барои ҷавонон хондааст.
Раиси вилоят ба Фотима Ғафурова барои фаъолияти бенуқсони бисёрсола, тарбияи шоистаи фарзандону шогирдон, саҳмгузорӣ дар омодасозии мутахассисони баландихтисоси омӯзгорӣ миннатдорӣ баён кард.