Кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид

Хабарҳо

Шаби 13-ум ба 14-уми уми июни соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти муштараки кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, кӯшиши убури ғайриқонунии қочоқбарони трансмиллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз хати сарҳади давлатӣ пешгирӣ гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди ҶИА бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори ҶИА мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд. Дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, шаҳраванди ҶИА  Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи  полиэтиленӣ бо 10 баста  воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Коркарди алоқаҳои ҷиноятии трансмиллии гурӯҳҳои қоҷоқбар бо мақсади то ба охир муайян, дастгир, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё нобуд сохтан, қотеона идома хоҳад ёфт.

Сарчашма: https://khovar.tj/2020/06/k-shishi-uburi-ajri-onunii-ocho-baroni-transmillii-af-oniston-az-hati-sar-adi-davlat-peshgir-gardid/