Оғози сафари корӣ дар шаҳри Бохтар

Хабарҳо

 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони шукргузори маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамоянд.