Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ

Хабарҳо

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз руи натиҷаҳои он дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ба Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Покистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.

Сипас, санадҳои зерин имзо гардид:

Ёддошти тафоҳуми ҳамкории дуҷониба барои рушди бойгониҳо ва китобхонаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Покистон

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад аз 13 майи соли 2004

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти саноатӣ

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии Покистон

Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди мониторинги молиявии Покистон оид оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосӣ (предикатӣ) ва маблағгузории терроризм.

Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ ва сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

Нақшаи амал барои соли 2022 оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Покистон «Associated Press of Pakistan»

Созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Покистон

Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индаси Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоту музокиротро неку назаррас арзёбӣ карданд.