24 НОЯБР – РӮЗИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Хабарҳо

24-юми ноябри соли 2023 дар толори кохи Хуросони ноҳияи Хуросон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам – Рамзи давлатдорист! “, бо иштироки роҳбарият, ҳайати шахсӣ, меҳмонон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Хуросон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва ворид кардани Парчами давлатӣ ба толор оғоз гардид. Раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом қисмати тантанавиро оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд кард, ки: “Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих, фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Парчам муаррифгари давлату миллат ба ҳисоб рафта, баҳри арҷ гузоштан ва эҳтироми он ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад».
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин парчами муқаддас ливои озодию истиқлол, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.
Парчами мо рамзи давлатдорӣ аст,
Нангу ору ҳастиву ҳушёрӣ аст.
Меҳрборӣ, шаъну, сулҳу дӯстӣ,
Дар ҷилояш ғайрату бедорӣ аст.