РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ АЗИЗАМОН МУБОРАК.ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ДАР ХУРОСОН

Хабарҳо

Имрӯз, 16 ноябри соли 2023 дар кохи Хуросон чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Гуфта шуд, ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр ба гиромидошти хизматҳои мондагори Сарвари муаззами давлат – меъмори сулҳу ваҳдат ва ҳомии Истиқлолу якпорчагии мамлакат, таҷлил мегардад, миллионҳо тоҷикистониён меҳру муҳаббату садоқати бепоёни худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арз медоранд.

“Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз дар қатори муҳимтарин масъалаҳои замон, рамзҳои давлатӣ, ки муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба шумор рафта, нишона аз давлатдорианд, тасдиқи худро ёфтанд. Тасдиқ шудани рамзҳои давлатӣ дар шароити бениҳоят мушкили сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки Ҳукумати тозаинтихоб бо сардории сиёсатмадори ҷавон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ муносибати ҷиддӣ, қатъӣ ва собитқадамона дорад”, раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Илҳом Аҳмадзода зикр намуд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Хуросон ба поси хизматҳои мондагор ва фидокориҳои Ҷаноби Олӣ, ки дар поягузории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории навин, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ анҷом додаанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳиссагузор хоҳанд буд.

Пас аз қисмати тантанавӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби ҳунарии худро, ки дар мавзуи ифтихори ватандорӣ, шукрона аз ободиву осудагӣ, изҳори қаноатмандӣ аз сиёсати комили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ба ҳозирин пешниҳод карданд.