Табрикоти Раиси ноҳияи Хуросон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6 ноябр

Хабарҳо

Конститутсияро шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Конститутсия иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳилаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат бо талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок, қабул шудааст. 6 ноябри 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд.
Ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохтааст.
Тамоми пешрафту дастовардҳое, ки дар даврони истиқлолият мардуми тоҷик ба он ноил шудаанд дар асоси татбиқи Конститутсия бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардиданд.
Бо Камоли эҳтиром ва самимияти беандоза кулли мардуми ноҳияи Хуросон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 28 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тандурустӣ ва саодати рузғор таманно менамоям.

Бо эҳтиром
Раиси ноҳияи Хуросон 
Аҳмадзода Илҳом Шамол.