САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ИХТИЁРӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳо

Ба муносибати гусел намудани ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии ноҳияи Хуросон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар гусели даъватшавандагони ихтиёрӣ роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Хуросон Аҳмадзода Илҳом Шамол  даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнашаванда табрик намуда, зикр намуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар барои насли ҷавон муҳимтарин ва муқаддастарин мактаби обутоби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дар ҳифзи марзу буми кишвар бо қаноатмандӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ камари ҳиммат мебанданд.

Дар идома волидайни даватшавандагон ба сухан баромада иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан, аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст.

Даъватшавандагон низ зимни суханронӣ ба волидайн ваъда доданд, ки қарзи шаҳрвандиро адо намуда, баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии халқ баҳри шукуфоии Ватани азиз меҳнати софдилонаро идома хоҳанд дод. Барои даъватшавандагон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дастурхони идона ороста шуда, баъдан ҷавонон бо дуои хайри волидон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.