НАВРӮЗ ҶАШНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН

Хабарҳо

Наврӯз қадимтарин ва пурарзиштарин ҷашни бостонии мардуми ориёӣ буда, таърихи беш аз ҳазорсолаҳоро доро мебошад. Ҷашн гирифтани иди наврӯз бо фарорасии фасли баҳори нозанин рост меояд, ки ин айём зиндашавии табиат, оғози кишту корӣ баҳорӣ ва аз баробаршавии шабу рӯз мужда медиҳад. Наврӯзро рӯзи оғози зиндагии нав, рӯзи хурсандию шодмонӣ, рӯзи меҳру муҳаббат, рӯзи адлу баробари, рӯзи бахшоиш, рӯзи шодиву нишот ва рӯзи пур аз нуру зиёи олам ном мебаранд.

Иди наврӯз дорои сунъату расму ойинҳои ба худ хос аз қабили хонатаконӣ, тоза намудани муҳити хонадон, тоза намудани кучаву маҳаллаҳо, шинониданӣ дарахтони ороишӣ, шинониданӣ гӯлу гиёҳҳо, оростани хони наврўзӣ ҳафтсину ҳаштсин, пухтани суманак ва тайёр намудани хӯрокҳои миллии баҳориро молик мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷашни иди наврӯз чунин қайд намудаанд. «Наврӯз баёнгари рӯзи тоза, зиндагии навин ва эҳёи табиат баъд аз сардии зимистон мебошад. Наврӯз, ба ҷуз ин ки баёнгари рӯзи тоза мебошад, ифодаи паёми суруровар аз руҳи тоза, нафаси гарми табиат, эҳёи эҳсоси ишқу муҳаббат ба зиндагии тоза аст».

Наврӯз дар баробари ҷашнҳои миллии тоҷикон Меҳргон, Сада ва Тиргон мақоми хосса дошта дар шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» арзишҳои эстетики, расму оин ва анъанаҳои неки он дарҷ гардидааст. Миллати тоҷик дар дарозои таърих дори фарҳангу тамаддуни башари буда, ҷашнҳои бостонии ниёгонро гироми дошта ҳар яки онро бо шукуҳу шаҳомати хоса ва барномаҳои рангину дилнишин ҷашн мегиранд. Ҳамзамон бо ташабуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бостонии мардуми ориёитабор наврз аз нав эҳё гардида «Аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримодии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад».

Боиси ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон аст, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии мардуми ориёитабор аз нав эҳё гардида, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандустиву ватанпарастӣ, арҷ гузоштан ба мероси таърихию фарҳангӣ ва гиромӣ доштани оину сунатҳои миллии тоҷикон боло гардида истодааст. Ва моро мебояд, ки ҷашнҳои бостонии гузаштагони худро эҳтиром ва ҳифс намоем.