Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024 сол, № АП-480 дар ноҳия озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз гардид.
Мақсад аз баргузории озмун ин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраи нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, таҳкими захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва дигар аҳолии кишвар мебошад.
Озмун аз рӯи номинатсияҳои адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср гузаронида мешавад.
Дар ифтитоҳи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳакамон ба кӯдакон – иштирокчиён муваффақият таманно намуданд.
Аксҳо аз рафти озмун: