Бо мақсади пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маълумотҳои обу ҳавошиносон дар ноҳия ситод гузаронида шуд.
Бинобар иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ рӯзҳои 10-12-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ боришоти бошиддат бо раъду барқ ва жола, сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ мешавад.
Вобаста ба ин маълумоти фаврӣ Ситоди ноҳиявӣ вазифадор карда шуд, ки дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани хатари офатҳои табиӣ гузаронида шавад.
Аксҳо аз ситод: