Рӯзи 14-уми майи соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2024, № 16-16-5 “Дар бораи пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар маҳал бо намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон” бахшида ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз тарафи гурӯҳҳои корӣ корҳои фаҳмондадиҳию вохӯриҳо баргузор гашта истодааст.
Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳия роҷеъ ба масъалаи зикргардида вохӯрӣ доир гардида, дар вохӯрӣ имрӯза ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- Собирзода Исфандиёр, сардори бахши Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Толибҷон, Дӯстов Киромиддин ва Ҳасанзода Сайдалӣ- кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси ноҳия – Шарифзода Идигул ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: