23 майи соли 2024 бо иштироки ҷавонони ноҳия чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия насли ҷавонро ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” табрику таҳният намуда, қайд намуд, ки насли ҷавон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Ба 25 – нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия, 14 – нафар ятимони кул, ҷавонони фаъоли ташкилоту муассисаҳо ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ғолибони ҷавони “Дави миллӣ”, ҳунармандони ҷавон ва варзишгарони ҷавони ноҳия тӯҳфаҳои пуливу хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сурудҳои идонаи бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинии мазкур буд.
Аксҳо аз рафти чорабинӣ: