САБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ ГИРДУ АТРОФ

Хабарҳо
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли қатъномаи Париж Барномаи “Кишвари сабз”-ро барои солҳои 2023-2027 қабул кард. Дар қатънома омадааст, тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст.
Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкориҳои байналмилалиро талаб мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кӯмак расонад. 194 давлат ба қатъномаи Париж ҳамроҳ шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи “Кишвари сабз” дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад.
Вобаста ба амалӣ намудани ҳадафҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон баҳри сабзу хуррамгардонии ноҳия бо иштироки роҳбарон ва кормандони идораву муассисаҳо дар ҳамкорӣ бо ҷомеа чорабинии обмонии дарахтони шоҳроҳи Душанбе – Бохтар баргузор гардид.
Аксҳо аз рафти кор: