Вохӯрии судманд бо иштироки сардори ШВКД дар ноҳия, генерал-майёри милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло бо масъулон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Фахробод дар деҳаҳои Субҳ, Ваҳдат, Фахробод субҳи рӯзи 19- уми июни соли ҷорӣ доир гардид.
Мақсади вохӯрӣ ин шиносоӣ бо шароити зисти мардуми деҳот, муайян намудани мушкилиҳо, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ҳамкорӣ бо масъулини маҳаллаҳо оиди ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳо, риояи қатъии қонун ҷиҳати пӯшидани либоси бегона ва бегонапарастӣ буд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: