Нимаи дуюми рӯзи 21-уми июн дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси ноҳия Суризода Н.М. ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаи натиҷагирии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, № 791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар қисмати тантанавӣ кормандони Комиссарияти ҳарбии ноҳия, ки дар рӯзҳои аввал нақшаи даъвати баҳориро иҷро намуда буданд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон қадрдонӣ гардиданд.
Акс аз рафти ҷаласа: