ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ

Хабарҳо

ХУРОСОН СУРИЗОДА НОСИР

БАХШИДА БА ҶАШНИ 27-СОЛАГИИ

“РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”

Ҳамдиёрони азиз !
Дар остонаи ҷашни мубораки миллиамон – Рӯзи ваҳдати миллӣ қарор дорем, тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Хуросон ва ҳамаи шумо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи таърихӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаатон хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу менамоям.
Ваҳдат барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мегардад, ки дорои ҳуввияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандӯстӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарварад. Нерӯи ваҳдат он қадар бузург аст, ки фазои душманиву душманро дарҳол маҳв менамояд ва миёни инсоният сулҳ ва дӯстию рафоқатро густариш мебахшад. Яъне, танҳо ва танҳо ваҳдат аст, ки ҷомеаи тинҷу осоиштаро насиби насли одам гардонидааст. Халқе, ки ба ваҳдат рӯ намеорад ва дар асоси низоми ваҳдат сарҷамъ намегардад, ҳеҷ гоҳ ба осудагӣ намерасад.
Махсусан, ваҳдати миллии тоҷикон, ки 27-уми июни соли 1997 ба амал омад, боиси тинҷиву оромӣ гашта, тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари Тоҷикистонро ба рӯи ҳамватанони бурунмарзӣ боз намуд. Бо шарофати қадами фархунда ва мубораки Ваҳдати миллӣ имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёрии комилро ба даст оварда, дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ваҳдатофар шинохта шудааст. Тули 27-соле, ки Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармост, халқ зиндагии осоишта, пурбаракат ва арзандаро соҳиб гаштааст. Бояд иқрор намуд, ки миллати тоҷик аз ҳамон халқҳоест, ки чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо хиради азалии хеш дар барқарорсозӣ ва гулгулшукуфии ватани худ ҷонбозиҳои зиёд карда, бо муваффақиятҳо ноил гаштааст. Имрӯзҳо низ, натиҷаи заҳмати ватанпарваронаи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар асоси ваҳдат озодии комили худро дар даст дорад. Яке аз бузургтарин фарзонафарзанди баруманди тоҷик – қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои барқарор намудани Ваҳдати миллӣ худро зери вазнинтарин хатари ҷонӣ гузошта, ба кишварҳое, ки умеди бозгашт набуд сафар кард, то ки ба гурӯҳҳои мухолифин забон як карда, Тоҷикистони ҷангзадаро соҳиби сулҳ гардонад. Кӯшишу ҷонбозиҳои Сарвари давлат буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсоз ва парешону сарсон гаштаи тоҷик сарҷамъ, пеши роҳи ҷанги бародаркуш баста шуда, миллат ба ваҳдат омад.
Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургест, ки решаҳои таърихӣ дорад. Дар ҳар давру замон фарзандони бузурги миллат онро пойдор нигоҳ дошта, қиммату бузургиашро афзун гардонидаанд. Дар замони Каёниён Ҷамшед, дар замони Сомониён Исмоили Сомонӣ чунин ашхосе буданд, ки Ваҳдатро пойдору барқарор нигаҳ доштанд. Дар замони мо чунин бахти бузург насиби фарзанди барўманди миллат Эмомалӣ Раҳмон гашт.
Ваҳдат, сулҳ ва ягонагӣ. ин мафҳумҳое мебошанд, ки барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддас маҳсуб ёфта, монанд ба идҳои суннатии халқамон аст. Маънии ин калимаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле равшану возеҳ шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст».
Воқеан ҳам, Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият ба ҳисоб меравад.
Ин мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойгоҳи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.
Маҳз, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. Сарвари давлат аз рӯзи аввали ба сари қудрат омаданаш баҳри ба даст овардани сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ хизматҳои зиёде кардааст ва сулҳофарӣ яке аз сифатҳои асосиашон мебошад. Маҳз бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид.
Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Пешвои миллатамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи ин абармарди бузург миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пешрафта гардида, гул-гулшукуфон гашта, имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст. Ба қавли шоир:
Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар мекунад,
Нури Ваҳдат тоҷиконро тоҷбарсар мекунад.
Вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон моро водор месозад, ки дастоварди бузурги миллиамон – ваҳдатро ҳамчун неъмати гаронбаҳо эҳтиёт кунем ва тамоми саъю талоши худро барои таҳкими он сафарбар намоем. Соҳиби давлати соҳибихтиёр ва соҳибватан будан барои ҳар як шаҳрванди ин сарзамини аҷдодӣ бахти бузург мебошад ва аз ин рӯ, дарки воқеияти раванду рӯйдодҳои ҷаҳонӣ моро водор менамояд, ки дар масъалаи арзёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ҳамеша боэҳтиёт бошем ва дурандешии сиёсӣ зоҳир намоем.
Бинобар ин ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд. Мову шумо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш созем, ки кори худро аз рӯзҳои аввали давлатдориамон аз сулҳ оғоз намудем ва ин сиёсатро ба хотири оромиву осоиши кишварамон ва хушбахтиву сарбаландии халқи азизамон минбаъд низ идома медиҳем. Бовар дорам, ки муттаҳидиву ягонагӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо муқаддасу бегазанд ва њамеша пойдору устувор мемонанд.
Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем. Дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем. Дар ин раванди неку созанда бори дигар ба ифтихори ҷашни 27 – умин солгарди «Рўзи Ваҳдати миллӣ» ба ҳамаи Шумо ва сокинони сарбаланди ноҳия барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат хоҳонам.
Бигзор, ваҳдати миллати тоҷик ва истиҷлолу озодӣ абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандўст оташи меҳру ҳамфикриро фурўзон нигоҳ дорад!
Зиндаву ҳовид бод, ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии мардуми сарбаланди Тоҷикистон!
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!