Рӯзи 18.07.2024 сол сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон генерал -майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло дар толори бинои ШВКД дар ноҳияи Хуросон бо иштироки фаъолон ва намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шаҳрванд Ҳотамова Бибигул Хушвахтовна бо моддаи 482 қисми 1-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ пешбинӣ менамояд, мавриди баррасӣ қарор дод.
Шаҳрванд Ҳотамова Б. Х, соли таваллудаш 16.04.1966, миллаташ ӯзбек, таҳсилоташ миёнаи нопурра, оиладор, соҳиби 5 фарзанд, сокини ноҳияи Хуросон, Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод, деҳаи Ҳақиқат мебошад, ягон маълумоти динӣ надорад, дар байни мардум худро ҳамчун табиби халкӣ ва бахткушо муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш шаҳрвандон, хусусан занону бонувони соддаву зудбоварро даъват карда, аз онҳо маблағҳои пулӣ, матоҳои либоси занона гирифта, сипас дар об, хок, намак, испанд, қулф, лонаи занбӯр, латтапора, равғани растанӣ ва ғайраҳо ба хондани дуо, додани тумору таштоб ба сеҳру ҷоду машғул шудааст.
Нисбати Ҳотамова Б.Х. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2880 сомонӣ таъин карда шуд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: