ШӮРОИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

Хабарҳо
18-уми июл ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси ноҳия – Суризода Н.М. бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, комиссари ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аъзоёни Шӯро иштирок намуданд.
Ба муҳокимаи ҷаласаи имрӯза масъалаҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, роҳҳои пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии
хонандагон ва ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд.
Аксҳо аз рафти ҷаласа: