ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Хабарҳо

Рӯзи 20-июл баҳри дар амал иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар ноҳияи Хуросон қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар рафти қабул масъалаҳои мухталиф аз ҷумла, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ, савдои кӯчагӣ ва расонидани кӯмаки яквақтаи моддӣ баррасӣ намуданд.

Раиси ноҳия ба роҳбарону мутассадиёни дахлдор дастур доданд, ки барои ҳалли мушкилиҳои муроҷиаткунандагон хулосаҳои ҳалшаванда андешанд.

Аксҳо аз рафти қабул: