ТОЗАГИИ АТРОФ – ПОКИЗАГИИ ҚАЛБ АСТ!

Хабарҳо

Тозагӣ, ки зери ин истилоҳ мафҳумҳои покӣ, муҳити тоза аз ифлосиҳо, покии ашёи рӯзгор, манзили истиқоматӣ ва кулли мавҷудоти олами ҳастӣ дониста мешавад, ба ҳар як шаҳрванд вобастагӣ дорад. Ҳамаи шаҳрвандон вазифадоранд тозагиро ҳамчун вокеияти аввалиндараҷа қарзи асосии шаҳрванд шумурда, ҷомеа, маҳалро ҳамеша тозаву озода нигаҳдор доранд. Тоза нигоҳ доштани гирду атроф асоси ҳастии инсону ҳамаи мавҷудоти рӯи замин, аз ҳама муҳим аст. Тозагии муҳити зист, обу ҳаво нигоҳ доштани ҳастии растаниву наботот, ки ҳама ба инсон фоидабахшанд аз худи ҳар яки мо вобастагӣ дорад.

Баҳри нигоҳ доштани тозагии гирду атроф бо саҳми сокинон имрӯз 20.07.2024 дар ноҳияи Хуросон ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардида, маҳалаҳои аҳолинишин аз ахлот, роҳҳои маҳалӣ аз партовҳо тоза карда шуда, дарахтони сари роҳи Душанбе – Бохтар аз об таъмин карда шуданд.

Аксҳо аз рафти гузориш: