ВОХӮРИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН

Хабарҳо

Дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2024, рақами 2394 ва талаботҳои моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Маҷлиси намояндагон ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар карда шудаанд.

Бо ин хотир имрӯз дар ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Ашурзода Гулбаҳор Сангило вохӯрӣ бо сокинони ноҳия баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин суҳбату вохӯрӣ ин баррасӣ намудани суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аксҳо аз рафти вохӯрӣ: