Рӯзи 12 феврали соли равон оид ба иҷрои Амри раиси вилояти Хатлон аз 6 феврали соли 2025, таҳти рақами 3 “Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаи низоми ягонаи давлатии ноҳияи Хуросон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ” бо иштироки Суризода Н.М. – раиси ноҳияи Хуросон, Маҳмадзода Ҷ Б. – сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо аъзоёни ситоди ҳолатҳои пешгирикунанда вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.
Қайд гардид, ки ба машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаи низоми ягонаи давлатии ноҳияи Хуросон оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ
сокинон ва сохторҳои дахлдор ҷалб карда шаванд.
Аксҳо аз рафти вохӯрӣ:

